Боздошти як тоҷикистонӣ бо 2 кило героин дар Қирғизистон

© Sputnik / Амир Исаев"Истиклол" уступил "Джохор Дарул Такзим"
Истиклол уступил Джохор Дарул Такзим - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Обуна шудан
Мақомоти Қирғизистон як миқдор маводи мухаддири афғониро ошкор кардаанд, ки аз Тоҷикистон ба Қазоқистон интиқол меёфтааст
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар Қирғизистон як канали байналмилалии транзитии маводҳои мухаддир аз Афғонистон ошкор ва баста шуд, хабар медиҳад "Кабар" дар истинод ба манбааш дар ВКД Қирғизистон.
Гуфта мешавад, дар рафти чораҷӯиҳои оператививу ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Лайлаки Бодканд, хадамот оид ба мубориза бо маводи мухаддир як узви фаъоли гурӯҳи байналмилалии нашаҷаллобро дастгир карданд.
Уничтожение наркотических средств в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Ӯзбекистон барои қочоқи маводи мухаддир - видео
Гуфта мешавад, боздоштшуда шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон Х.М будааст. Дар ҷои боздошти гумонбар бештар аз 2 кило героин ошкор ва мусодира шудааст.

Бино бар хулосаи ташхиси кимёвӣ, моддаҳои мусодирашуда маводи мухаддир буда, вазнашон 2 килоро ташкил медиҳад.
Хабар дода мешавад, ки пештар кормандони мақомоти Қирғизистон маълумоти фаврӣ дастрас карданд, ки як марди тақрибан 30-35-сола ба фурӯши маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон машғул аст, ки аз Тоҷикистон ба Қазоқистон интиқол медиҳад.
Бо ин далел тафтишоти пешакӣ оғоз гардида, мувофиқи моддаи 267 Кодекси ҷиноии Қирғизистон парванда боз шудааст ва шарикони боздоштшуда муайян карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0