Пул аз 105 ҳазор сомонӣ зиёд бошад, бояд мақомотро огоҳ кард: меъёри нав дар Тоҷикистон

© Sputnik Конверт с деньгами, архивное фото
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Обуна шудан
Ҳаҷми маблағ, ки нотариусҳо аз амалиёт бо он бояд ба мақомот хабар диҳанд, маълум шуд
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Нотариусҳои Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки минбаъд аз амалиёти молумулкӣ ба маблағи беш аз 105 ҳазор сомонӣ мақомоти дахлдорро огоҳ кунанд
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба қонун “Дар бораи нотариати давлатӣ”, - ро қабул кард, ки гуфта мешавад, алайҳи пулшӯӣ равона гардидааст.
Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, зимни муаррифии тағйирот иттилоъ дод, ки нотариусҳо вазифадор гардиданд, аз амалиёти нотраиалии ба маблағи беш аз 1 ҳазору 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба мақомот хабар диҳанд. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз аввали соли равон муодили 60 сомонӣ мебошад.
Здание МВД РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2018
Ҳукми генерал – майори воломақоми тоҷик барои пора, пулшӯйӣ ва нашъаҷаллобӣ
Инчунин нотариусҳо бояд аз амалиёт бо амволи ғайриманқулу коғазҳои қиматнок, ки маблағашон беш аз 12 ҳазору 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад, мақомотро огоҳ намоянд.
Вазири адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ин иқдом имкон медиҳад, ки бо пулшӯӣ дар кишвар ё худ қонунигардонии маблағе, ки бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудааст, мубориза бурда шавад.
Қонуни Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастовардашуда ва маблағгузории терроризм соли 2011 қабул гардида, масъули иҷрои он Бонки миллии Тоҷикистон таъйин гардидааст.
Джамолиддин Нуралиев, первый заместитель Председателя Национального банка Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2019
Бонки миллӣ маркази ягонаи интиқоли маблағҳоро муаррифӣ кард
Бонки миллӣ мегӯяд, ташкилотҳое, ки бо пул ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, бояд талаботи қонуни мазкурро ба инобат гиранд.
Тоҷикистон то соли 2014 дар феҳрасти кишварҳое қарор дошт, ки эҳтимоли пулшӯӣ дар он зиёд арзёбӣ мешуду таҳти назорати вижаи созмони байналмилалии мубориза бо пулшӯӣ - Financial Action Task Force қарор дошт. Дар пайи тағйирот ба қонунгузорӣ Тоҷикистон аз феҳрасти кишварҳои таҳти назорати вижаи созмони FATF хориҷ гардид. Мақомот мегӯянд, берун баромадан аз феҳрасти ин созмон метавонад барои ҷалби сармоягузориҳо мусоидат намояд.
Лентаи хабарҳо
0