Футболи тоҷик майдонҳои арабро ба ларза меорад: пирӯзии навбатии "Истиқлол"-и Тоҷикистон

© Hamoud AL-OSAIMIХушҳолии бозигарони "Истиқлол" пас аз пирӯзӣ
Хушҳолии бозигарони Истиқлол пас аз пирӯзӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Обуна шудан
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, дар бозии панҷумаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2021 бошгоҳи “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай”-и Аморати Муттаҳидаи Арабро шикаст дод.
Душанбе, 28 апр - Sputnik. Ин бозӣ шаби гузашта дар дар Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳди пойтахти Арабистони Саудӣ, баргузор шуд бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи "Истиқлол" хотима ёфт.
Ҳамин тариқ "Истиқлол" бо ин пирӯзияш се имтиёз ба даст оварда, мақомашро дар сархати ҷадвали гуруҳаш боз устувортар гардонид.
Ҳарчанд тими “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай”, ки аз дастаҳои пурқуввати Қитъа гуфта мешавад, талош кард, аммо гол ҳадаф расонида натавонист.
Ягона голи бозиро дар дақиқаҳои иловагӣ (90+6) Алишер Ҷалилов ба ҳадаф расонид.
Игроки Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Барканории сармураббии "Ал-Ҳилол" баъди шикаст аз "Истиқлол"
Тими “Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 қаблан бозиҳоро бо “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” мусовӣ (0:0), бар АГМК-и Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз гашт. Ҳамзамон дар ду бозии дигарашр бо “Ал-Ҳилол”-и Арабистон бо натоиҷи 1:3 бохт ва 4:1 пирӯз гашт.
Бозии охири “Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқот 30-юми апрел бо бошгоҳи АГМК-и Ӯзбекистон доир мешавад.
Ёдовар мешавем, рақобатҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар гурӯҳи “А” пойтахти Арабистони Саудӣ то санаи 30-юми апрел идома хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0