Ғалаба дар охирин сонияҳо: навори пирӯзии муассири "Истиқлол" бар "Шабоб ал-Аҳлӣ"

Обуна шудан
Бозии охири “Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқот 30-юми апрел бо бошгоҳи АГМК-и Ӯзбекистон доир мешавад.
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, дар бозии панҷумаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2021 бошгоҳи “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай”-и Аморати Муттаҳидаи Арабро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
Ин бозӣ шаби гузашта дар дар Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳди пойтахти Арабистони Саудӣ, баргузор шуда, голи ягонаи бозиро Алишер Ҷалилов дар дақиқаҳои иловагӣ (90+6) ба ҳадаф расонид.
Ҳамин тариқ "Истиқлол" бо ин пирӯзияш се имтиёзм дигар ба даст оварда, мақомашро дар сархати ҷадвали гуруҳаш боз устувортар гардонид.
Тими “Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 қаблан бозиҳоро бо “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” мусовӣ (0:0), бар АГМК-и Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз гашт. Ҳамзамон дар ду бозии дигарашр бо “Ал-Ҳилол”-и Арабистон бо натоиҷи 1:3 бохт ва 4:1 пирӯз гашт.
Ёдовар мешавем, рақобатҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар гурӯҳи “А” пойтахти Арабистони Саудӣ то санаи 30-юми апрел идома хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0