Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Хадамоти марзбонӣ: низомиёни қирғиз дар либоси шаҳрвандон зидди тоҷикон истифода шуданд

© Фото : Зульфия ТургуноваМестные жители и сотрудники МВД на кыргызско-таджикской границе в Баткенской области. Архивное фото
Местные жители и сотрудники МВД на кыргызско-таджикской границе в Баткенской области. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Обуна шудан
Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман муноқишаи имрӯз дар марз бо Қирғизистонро шарҳ дода гуфтааст, дар он ҷониби ҳамсоякишвар низомиёнашро дар либоси шаҳрвандон истифода кард
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Тибқи иттилои ин ниҳод, имрӯз, соати 16: 00 дақиқа дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муноқишаи сарҳадӣ рух дод, хабар додааст АМИТ "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони Қирғизистон ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон ба сангпартоӣ пардохтанд ва дар натиҷа 7 сокини Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
"Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Қирғизистон дар байни сокинони барои таҳрики муноқиша сафарбаршуда, хизматчиёни воҳидоти таъйиноти махсус бо либоси шаҳрвандӣ бар зидди сокинони осоиштаи маҳаллии тоҷикзабон истифода шуданд", - афзудааст манбаъ.
Мақомот сабаби аслии қазияро рӯшан шарҳ надодаанд, аммо тибқи иттилои ба Sputnik Тоҷикистон расида, насби дурбини назоратӣ аз ҷониби Тоҷикистон дар Маркази тақсими оби "Головной" сабаби муноқиша шудааст, ки ҷониби ҳамсоя ба он норозигӣ нишон додааст.
Ба иттилои манбаъ, норозии ҷониби Қирғизистон дар ҳолест, ки онҳо қаблан дурбини нарозатӣ монда буданд ва мо низ хостем барои назорати тақсими об насб кунем.
Хадамоти марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, иншооти мазкур аз нуқтаҳои аҳолинишин, аз ҷумла, деҳаҳои Коктош ва Оқсойи ҷамоати Оқсойи ноҳияи Боткени Қирғизистон дар масофаи хеле дур воқеъ мебошад.
Ба ин нигоҳ накарда, раиси ноҳияи мазкур Ақилбек Орозов сокинони гирду атрофи нуқтаҳои аҳолинишинро ҷамъ оварда, барои муноқиша бо ҷониби Тоҷикистон сафарбар намудааст, гуфтааст Хадамоти марзбонӣ.
Таниши навбатии марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Сангзанӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - акс
Ин ниҳод ҳамзамон таъкид кардааст, ки тибқи харитаи солҳои 1924-1927 ва 1989 иншооти мазкур пурра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, соли 1968 дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ барои обёриии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истифода мешуд.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.
Ёдовар мешавем, муноқиша дар як минтақа сарзад, ки он замон раҳбари вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вараиси вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев дар минтақаи бетарафи ҳудудӣ барои ҳалли низоъҳо мулоқот мекарданд.
Ҷонибҳо дар бораи пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар марз ва қаламравҳои баҳснок, инчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои обёрӣ ва ҳавзаи об изҳори назар карданд.
Лентаи хабарҳо
0