Аз лаборант то вазирӣ: Имомзода ба синни пайғомбарӣ қадам гузошт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанМинистр образования и науки Таджикистана Мухаммадьюсуф Имомзода
Министр образования и науки Таджикистана Мухаммадьюсуф Имомзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ, вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 28 апрел ба синни 63, ки бо номи синни пайғомбарӣ маъруф аст, қадам гузошт
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Муҳаммадюсуф Имомзода, ки аз аввали соли 2020 то ҳол дар мақоми вазирӣ фаъолият дорад, имрӯз 62-юмин солгарди мавлудашро таҷлил карда, ба синни 63 қадам мегузорад.
Бар асоси ҳолномаи нашркардаи Вазорати маорифи Тоҷикистон, Имомзода 28 апрели соли 1959 дар ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда, миллаташ тоҷику маълумоташ олӣ мебошад. Ӯ доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Манбаъ афзуд, ки Имомзода фаъолияти меҳнатияшро аз Пажуҳишгоҳи забону адабиёти Тоҷикистон оғоз кардааст. Тибқи ҳолнома, Муҳаммадюсуф Имомзода солҳои 1976-1981 донишҷӯи шуъбаи рӯзонаи факултаи филологияи Унверситети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин будааст.
Министр образования РТ Имомзода Мухаммадюсуф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2020
Баҳои вазири маориф ба сифати таҳсил дар донишгоҳҳои кишвар: аз минтақа камие надорем
Солҳои 1981-1984 ба ҳайси лаборанти калони Институти забон ва адабиёти тоҷики ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 1984-1985 муҳаққиқ-коромӯзи Институти адабиёти ҷаҳони ба номи М. Горкийи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз 1985 то 1991 аспирант, ходими хурди илмии Институти забон ва адабиёти тоҷики ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон будааст.
“Солҳои 1991-1999-лаборант, муаллими калон, дотсент, муовини декани факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, солҳои 1999-2004 дар мақоми декани факултети филологияи ин Донишгоҳ фаъолият дошт”, - омадааст дар ҳолнома.
Таъкид шудааст, ки солҳои 2004-2012 Имомзода ба кор дар мақоми ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон гузашааст. Солҳои 2012 то 2020 дар мақоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ инчунин узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисии кумита дар палатаи болоии парлумонро ба уҳда дошт.
Имомзода аз 24 январи соли 2020 то ҳол вазири маориф ва илми Тоҷикистон мебошад. Дар мавриди вазъи оилавияш хабар дода шуд, ки ӯ оиладор ва соҳиби 4 фарзанд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала