Лавров аз эҳтимоли ҷанг дар Донбасс гуфту роҳи пешгирӣ аз онро шарҳ дод

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров во время пресс-конференции
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров во время пресс-конференции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров эҳтимоли задухӯрди мусаллаҳона дар шарқи Украинаро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 28 апрел - Sputnik. Аз задухӯрди мусаллаҳона дар шарқи Украина метавон ҷилавгирӣ кард, изҳор дошт Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия дар сӯҳбат ба РИА Новости.
Ба гуфтаи ӯ, бояд аз бад шудани вазъ дар Украина пешгирӣ кард, вале президенти ин кишвар Владимир Зеленский омода аст барои нигоҳ доштани қудрат "ҳар қиматеро" пардохт кунад.

"Агар аз ҷониби Украина, аз ҷониби (президенти Украина Владимир) Зеленсий ҳарф занем, ман тахмин намекунам, зеро тибқи нишонаҳои беруна, барои ӯ муҳим ин боқӣ мондан дар қудрат аст", - афзуд Лавров.

Ҳамзамон, вай таъкид кард, ки раҳбари Украина барои ҳифзи мавқеи худ омода аст "нео-фашистҳо ва ултра-радикалҳоро, ки ба террорист хондани милисаҳои Донбасс идома медиҳанд, дастгирӣ намояд.
Қаблан, як қатор кишварҳои Ғарб барои ҷо гирифтани неруҳои Русия дар назди марзи Украина изҳори нигаронӣ карданд. Ин амали Русия махсусан боиси нигаронии ИМА ва Олмон гардид.
Путин ответил на предложение Зеленского о встрече в Донбассе - youtube - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Посухи Путин ба Зеленский дар бораи вохӯрӣ дар Донбасс - видео
Олмон қарори Маскав дар бораи муваққатан маҳдуд кардани убури киштиҳои низомӣ ва давлатӣ тавассути минтақаҳои алоҳидаи Баҳри Сиёҳ хашмгин кард. Дар посух ба ин мақомоти кишвар гуфтанд, ки давлат дар қаламрави худ метавонад сарбозонро бо салоҳдиди худ интиқол диҳад ва ин "набояд касеро ба ташвиш орад" ва манъи баҳри Сиёҳ ба киштиҳои тиҷорӣ дахл надорад.
Президенти Русия Владимир Путин таъкид кард, ки таҳдиди Русия "ихтирооти касоне аст, ки мехоҳанд нақши худро ҳамчун як пешоҳанги мубориза бо пули нақд ба даст оранд" ва аз он манфиат гиранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала