Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Манижа дар Маскав "Дурахши сол" эътироф шуд ва тӯҳфаи ғайриинтизор гирифт

© Sputnik / Стас ЭтвешПевица Манижа
Певица Манижа  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Обуна шудан
Дар якҷоягӣ бо ҷоизаи Best Style Awards ба сароянда тӯҳфае бо арзиши тахминан150 ҳазор рубл тақдим карда шуд
ДУШАНБЕ, 28 апрел - Sputnik. Зодаи Тоҷикистон Манижа, ки Русияро дар озмуни Eurovision 2021 намояндагӣ мекунад, ҷоизаи мӯътабари Best Style Awards -ро ба даст овард.
Ҳакамон овозхонро беҳтарин дар номинатсияи "Дурахши сол" эътироф карданд.
Ташкилкунандагони ҷоиза ба Манижа дар баробари ҷоиза ҳамзамон як саги сотиро тақдим карданд. Гуфта мешавад, арзиши саги амрикоии Bully Pocket 150 ҳазор рубл тахмин зада мешавад ва метавонад та ба 400 ҳазор расад.
Худи Манижа бошад аз ин пирӯзӣ ва тӯҳфаи ғайриинтизор дар ҳаяҷон қарор гирифтааст.
"Ба тими худ ва ба модарам, ки продюсери ман аст, ташаккур мегӯям", - гуфт Манижа бо эҳсос.
Ғайр аз ин, сароянда дар бораи омодагияш пеш аз Eurovision - 2021 ҳарф задааст.
Российский хореограф Мигель - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Мигел дар бораи нажодпарастӣ ва суруди Манижа: вақте шунидам, фиғон бардоштам
Ба гуфтаи ӯ, вай бо тамоми нерӯ ба озмун омодагӣ мебинад, ки ният дорад баромадаш лаззатбахш шавад.
Ҷоизаҳои Вest Style Awards дар тарабхонаи Maze - и Маскав рӯз гузашта ба барандагонаш супорида шуда.
Дар ин маросим Манижа бо ҳамроҳии модараш Наҷиба Усмонова ҳозир шуд, ки ба ӯ дар омодагӣ ба Eurovision 2021 кӯмак мекунад.

Манижа дар Евровидение - 2021

Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Озмунро аз 18 то 22 май Ротердам мизбонӣ менамояд. Пеш аз эълони натиҷаҳои интихоби миллӣ, букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-ро барои Русия пешгӯӣ мекарданд. Пас аз тасвиби Манижа ва муаррифии суруд, имкони пирӯзии кишвар дар озмун коҳиш ёфт - дар тӯли як рӯз мавқеъ ба 10-ум иваз шуд.
Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
"Ман зебо ҳастам": мусоҳибаи Манижа бо созмондиҳандагони Евровидение
Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад. Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид.
Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman барои Eurovision - 2021" беш аз 8 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд.
Ҳамроҳи Манижа суруди "Зани рус" - ро чор бэк-овозхон - ду мард ва ду зан месароянд.
Лентаи хабарҳо
0