Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Мулоқоти раисони Суғд ва Бодканд сари мушкилиҳои марзӣ

© Дафтари матбуоти раиси вилояти СуғдДидору мулоқоти Аҳмадзода бо раиси вилояти Ботканди Қирғизистон
Дидору мулоқоти Аҳмадзода бо раиси вилояти Ботканди Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Омурбек Суваналиев, раиси вилояти Бодканди Қирғизистон мушкилиҳои мавҷудаи марзиро мавриди баррасӣ қарор додаанд
ДУШАНБЕ, 28 апр – Sputnik. Мулоқоти роҳбарони вилоятҳои Суғду Бодканд, зуҳри имрӯз дар минтақаи нейтралии сарҳади миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шудааст.
Музаффар Юнусов, сардори Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаи сарҳадиро, ки зарфи се моҳи охир ба вуҷуд омадаанд ба баррасӣ гузоштаанд.
Яке аз ин масъалаҳои ба миёномада мушкили тақсимоти об гуфта шудааст.

“Ҷонибҳо ба ин мувофиқа расиданд, ки ҳолати обтаъминкунӣ ба мисли солҳои пеш, тибқи Диклоратсияи Алмато “Дар бораи тақсимоти обҳои фаромарзӣ” сурат гирифта ҳар ду тараф ҳам ин санадро қатъиян риоя мекунанд”, - гуфт Юнусов.

Дар ин мулоқот Аҳмадзода ва Суваналиев дар бораи бардоштани нерӯҳои мусаллаҳи қудратӣ аз маҳалли аҳолинишини назди сарҳад ва гузоштани назорат ба сарҳадбонони қаторӣ ва кормандони тартиботи ҳифзи ҷамъиятӣ пешниҳод кардаанд.
Пограничник республики Кыргызстан во время службы. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистон маълумоти боздошту латукӯби ду мактаббачаи тоҷикро дар марз дурӯғ хонд
Бино ба гуфтаи Юнусов, дар мулоқот ҷонибҳо як идда масъалаҳои мубрам, аз қабили пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар сарҳад, ҳалли саривақтии обёрии заминҳо, бе дахолати мақомоти қудратӣ ва дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ ҳал намудани муаммоҳои ба миён омадаро баррасӣ кардаанд.
“Ҳар ду ҷониб ҳам изҳор намуданд, ки хостори ҳарчи зудтар барқарор шудани равобити ҳасана дар умури содироту воридоти мол, пешрафти иқтисодиёт ва некуаҳволии халқ ҳастанд”, - гуфт Юнусов.
Ёбеду ҷазо диҳед: нотаи Тоҷикистон ба сафири қирғиз барои латукӯби ду мактабхон
Ба иттилоъи манбаъ дар ҷараёни мулоқот раисони Суғд ва Бодканд ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд масъалаҳои мавҷудбудаи марзӣ ҳар ҳафта дар сатҳи роҳбарони ноҳияҳо ва моҳе ду маротиба аз сӯи раисони вилоятҳо баррасӣ карда шавад.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала