Пешгӯии Бонки рушди Осиё дар мавриди ду соли ояндаи иқтисоди Тоҷикистон

© Пресс-служба президента ТаджикистанаДостижения народного хозяйства на выставке в Согдийской области
Достижения народного хозяйства на выставке в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Обуна шудан
Бонки Рушди Осиё ибрози умедворӣ кардааст, ки иқтисоди Тоҷикистон пас аз пушти сар гузоштани паqмадҳои пандемияи коронавирус дар солҳои 2021 ва 2022 эҳё хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Бонки Рушди Осиё дар тозатарин гузориши хеш бо унвони “шарҳи рушди иқтисоди қорраи Осиё" изҳори умед кардааст, ки иқтисоди Тоҷикистон таъкид кардааст.
“Иқтисоди Тоҷикистон ба дунболи коҳиши паёмадҳои бемории Ковиди 19 дар кишварҳои шарики хеш метавонад тайи ду соли наздик дубора қудрати худро барқарор созад”, - хабар додааст радиои тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз сомонаи Авесто.
Бар асоси ин гузориш, интизор меравад, ки дар соли 2021 суръати рушди тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон ба 5 дарсад ва дар соли 2022 ба 5,5 дарсад бирасад.
Намояндаи Бонки Рушди Осиё, хонуми Шенни Кэмпбелл дар Тоҷикистон гуфтааст, афзоиши барқарорсозии рушди ҷумҳурӣ ба барқарорсозии парвозҳо ва эмгузаронӣ вобаста мебошад.
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2021
Завқизода гуфт соли гузашта ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ қадар қарзу грант ҷалб шудааст
“Афзоиши суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон ба иҷрои барномаи ваксинатсия, барқарории дубораи парвозҳои хориҷӣ ва бозгушоии марзҳои заминии ин кишвар бо шарикони тиҷориаш бастагӣ хоҳад дошт”, - изҳор доштааст Кэмпелл.
Ӯ ҳамчунин афзудааст, ки мизони таваррум дар Тоҷикистон аз 9,4 дарсад дар соли 2020, ба 9 дарсад дар сол 2021 ва дар соли 2022 ба 8 дарсад хоҳад расид.
“Дар соли гузашта 12 маркази бузурги саноатӣ аз 27 корхонаи давлатии дучори хисорати молӣ ва нотавонӣ дар пардохти вомҳои дарёфтӣ шудаанд”, - афзудааст намояндаи Бонки рушд Осиё.
Хонуми Кэмпбелл мизони зиёни ин корхонаҳоро баробар бо 8,2 дарсад аз тавлиди нохолис арзёбӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0