Қабули нахустин конститутсияи Тоҷикистон, зодрӯзи Имомзода ва Чақалов: 28.04 дар таърих

© Sputnik / Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 28 апреля
День 28 апреля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Обуна шудан
Рӯзи бисту ҳаштуми апрел ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат ва Рӯзи ҷаҳонии духтурони ҳайвонот ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 28 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 2014 вохӯрии нахустини ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Пекин баргузор гардид.
Соли 1919 оинномаи Лигаи миллатҳо қабул гардид.
День 27 апреля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Зодрӯзи Файзулло Исматов: рӯзи 27 апрел дар таърих

Рӯзи 28 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1929 нахустин Конститутсияи Тоҷикистон қабул шуд.
Соли 1936 дар Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии масолеҳи сохтмонӣ кушода шуд.
Соли 2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба мубориза бар зидди маблағгузории терроризми байналмилалӣ ҳамроҳ шуд.
Соли 2011 ба муносибати Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт" бо ташаббуси намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар назди СММ ҷамъомади илмӣ доир шуд
Соли 2013 дар Тоҷикистон Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн таъсис ёфт.
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи панҷуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои саромоягузорӣ доир гардид.
День 26 апреля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Садамаи мудҳиш дар нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил: 26 апрел дар таърих
Соли 2017 дар ноҳияи Синои пойтахт Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои бунёди бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино санги асос гузоштанд.
Соли 2018 Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 28 апрел

Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат.
Рӯзи ҷаҳонии духтури ҳайвонот (бойтор).

Рӯзи 28 дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1928 – доктори илмҳои тибб, профессор Кибриё Ҳасанова.
Соли 1945 – ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Қиёмиддин Чақалов.
Соли 1954 – нависанда-ҳаҷвнигор Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ.
Соли 1959 – доктори илмҳои филологӣ, вазири маорифи Тоҷикистон, Муҳаммадюсуф Имомзода.
Лентаи хабарҳо
0