Таъйиноти вакилҳои тозаинтихоб ба кумитаҳо дар парлумон

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание парламента Республики Таджикистан
Здание парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон вакилони тозаинтихобро, ки дар интихоботи миёнадаврии 18 апрел ба парлумон роҳ ёфтанд, ба кумитаҳо таъйин намуд
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Ҳуснигул Одиназода, ки аз ҳавзаи якмандатии Ҷалолиддини Балхӣ вакил интихоб гардид, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният шуд.
Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар, ки дар ҳавзаи интихоботии Вахш пирӯз гардид, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия интихоб шуд.
Файзулло Қосимӣ, ки дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷаббор Расулов беш аз 74 дарсади овозҳоро ба даст овард, дар Маҷлиси намояндагон узви Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин интихоб гардид.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Фармонҳои Президент барои тағйирот дар дафтари омбудсмени Тоҷикистон
Исмоилиён Комрон Исмоилзода вакили нав аз ҳавзаи интихоботии Деваштич, ба узвияти Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия интихоб шуд.
Интихоботи миёндавраӣ дар Тоҷикистон 18 апрел бар ивази вакилоне, ки ба мақомоти дигар таъйин шуданду ваколаташон қатъ гардид, баргузор шуд.
Аз ҷумла ваколатҳои Бахтовар Сафарзода намояндаи ҳизби ҳоким ва вакил аз ҳавзаи ноҳияҳои Вахш бинобар таъйин шуданаш ба вазифаи намояндаи доимии Тоҷикистон дар Ассамблеияи байнипарлумонии ИДМ, Ҳоким Холиқзода, бо сабаби таъйинаш ба мақоми муовини раиси Бонки миллӣ ва Зуфар Исмоилзода пас аз нишастан ба вазифаи раиси КИМ ҲХДТ дар вилояти Суғд қатъ шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала