Тоқаев ба Назарбоев мақоми нав дод

© Sputnik Владислав Воднев / Гузаштан ба хазинаи аксПредседатель Сената Парламента Казахстана Касым-Жомарт Токаев (справа) и экс-президент Казахстана Нурсултан Назарбаев
Председатель Сената Парламента Казахстана Касым-Жомарт Токаев (справа) и экс-президент Казахстана Нурсултан Назарбаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба нахуст кишвардори Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мақоми нав дод
ДУШАНБЕ, 28 апрел - Sputnik. Кишвардори Қазоқистон Қосим - Ҷомарт Тоқаев ба президенти аввал Нурсултон Назарбоев пешниҳод кард, ки раиси фахрии Ассамблеяи Халқи Қазоқистон шавад, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
"Ин мақом ба туфайли хидматҳои таърихӣ ба таври қонунӣ ба шумо тааллуқ дорад", - изҳор доштааст Тоқаев.
Манбаъ меафзояд, пешниҳоди президентро аъзои Ассамблеяи Халқи Қазоқистон низ якдилона дастгирӣ намуданд.
Зимнан, Назарбоев пас аз пазируфтани ин мақом гуфтааст, ки "ӯҳдадориҳои нав гирифта, ҳамкорӣ бо Ассамблеяро идома медиҳад.
Айсултан Назарбаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2021
Нигоҳдорияш ғайриимкон буд - Назарбоев дар бораи маргу нашъамандии наберааш Айсултон гуфт
Ҳамчунин, ӯ илова намуд, ки АХҚ ҳамаи ташабуссҳои сарвари давлатро дастгирӣ мекунад ва дар якҷоягӣ ҳатман муваффақ хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи чоршанбе, Нурсултон Назарбоев эълом дошт, ки ҳуқуқи раҳбарии Ассамблеяро ба президент Қосим-Ҷомарт Тоқаев вогузор мекунад. Ӯ гуфт, тасмимаш ҷиддӣ ва эҳсосӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала