Бархӯрди ду мошин дар Хуросон ҷони мусофири 32 - соларо гирифт

© Sputnik / Рамиз БахтияровМашина скорой помощи
Машина скорой помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Бар асари бархӯрди ду автомашина дар роҳи ноҳияи Хуросон як мусофир ҳалок ва дуи дигар бистарии беморхона шуданд
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Садамаи маргбори нақлиётӣ дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, рӯзи 28 апрел рух дод, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш соати 13:30 дақиқа дар ҳоле рух дод, ки ронандаи 21 - солаи худрави "Тайота-Королла", Сулаймонов Ҷамшед аз самти Бохтар ба шаҳри Душанбе равона буд.
Номбурда дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванта”, таҳти идораи ронанда, Назаров Авазалии 31 - сола, сокини ноҳияи Шаҳритӯс бархӯрд.
Разбитое стекло автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2021
Ҳалокати аробакаши солхӯрда дар садама
Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи бархӯрди ду худрав, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванта”, Абдусамадов Донои 32 - сола, Назаров Муҳиддини 63 - сола ва ҳамчунин ронандаи автомашинаи “Тайота-Королла”, Сулаймонов ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Гуфта мешавад, ҳамаи ҷароҳатбардоштаҳоро фавран ба бемористон интиқол доданд, аммо мусофир Абдусамадов дар роҳ ба беморхона ҷон аз даст дод.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала