“Илтиҳоби шуш” ё грипп? Даргузашти аккоси маъруфи тоҷик

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Аҳлиддин Исоев, яке аз аккосони ҳирфаӣ ва маъруфи тоҷик дар синни 70 – солагӣ дунёро падруд гуфт
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Қириншоҳ Шарифзода, рӯзноманигор ва яке аз дӯстони марҳум аз қавли наздикони Исоев ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ тайи се рӯзи ахир дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бистарӣ буд.
“Ҳеҷ маълум нашудааст, ки ташхисаш чӣ буд. Яке мегӯяд, зуком, яке дигар тангнафасӣ ё илтиҳоби шуш. Ҳар чӣ набуд, марг ҳақ аст. Мо як суратгири ҳирфаӣ ва инъикосгари таърихи худро аз даст додем. Замоне, ки технологияҳои ҷадид набуданд, маҳз дастгоҳи аккосии ӯ ва дигар ҳампешагонаш тавсире аз таърихи мо, бахусус солҳои 90 – ро боқӣ гузоштанд”, - гуфт Қириншоҳ Шарифзода.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Даргузашти Мирзо Азизов, ҳунарпешаи шинохта - акс
Аҳлиддин Исоев узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд ва тамоми мукофоту унвонҳои журалистӣ, аз ҷумла Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ, Аълочии матбуот ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистонро соҳиб шудааст.
Аҳлиддин Исоев 3 июли соли 1951 дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) таваллуд шуда, корашро дар суратгирӣ аз рӯзномаи “Ҳақиқат”-и ин ноҳия шурӯъ намуд. Баъдтар суратгири стансияи Маркази натуралистони ҷавони шаҳри Душанбе (1975 – 1977), рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон” (1977 – 1988), “Ҷумҳурият” (1988 – 2007) ва “Садои мардум” (2001-2007) буд.
Соли 2017 ба нафақа баромад, аммо ҳамоно бо хафтаномаи "Паёми Душанбе" ҳамкорӣ мекард.
Ҷанозаи ӯ зуҳри имрӯз дар қабристони маҳаллаи Зарафшон ба хок супурда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала