Аз хатару буҳрони шадид то амният: Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайатҳои СААД мулоқот кард

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанВстреча с главами делегаций - участниками заседания Комитета секретарей советов безопасности государств-членов ОДКБ
Встреча с главами делегаций - участниками заседания Комитета секретарей советов безопасности государств-членов ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Дар мулоқот фаъолияти муштараки давлатҳои аъзои СААД, ҳамоҳангсозии амалҳои хадамоти махсус, аз ҷумла дар соҳаи мубориза бо киберҷиноятҳо зарур шумурда шуд
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз дар Қасри миллат роҳбарони ҳайатҳо — иштирокчиёни ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба ҳузур пазируфт.
Ба иттилои дафтари матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид доштанд, ки мо ба ҳамкории байни кишварҳоямон дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем.
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Котибони Шӯроҳои амнияти Русияву Тоҷикистон дар Душанбе ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
Дар робита ба вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир ва таъсири онҳо ба амнияти давлатҳои аъзои СААД, афзоиши ташаннуҷи байналмилалӣ вобаста ба рақобати геополитикӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи амну суботи кишварҳо, Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳоро дар доираи Созмон, ишора кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон бо ҳайатҳо вазъияти имрӯзаи кишвари ба мо ҳамсояи Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Ҳамзамон, зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба мубориза бар зидди дигар хатарҳо, аз ҷумла хавфҳои марбут ба пандемияи COVID-19, бӯҳрони шадиди ҷаҳонии иҷтимоию иқтисодӣ ва молиявӣ, таъсири онҳо ба амният ва иқтисодиёти кишварҳо, бехатарии биологӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баррасӣ гардидааст.
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Дабири кулли СААД вазъро печида ва ноустувор хонд
Дар зимн, фаъолияти муштараки давлатҳои аъзои СААД, ҳамоҳангсозии амалҳои хадамоти махсус, аз ҷумла дар соҳаи мубориза бо киберҷиноятҳо зарур шумурда шуд.
Президенти Тоҷикистон дар охир изҳори умед намудааст, ки натиҷаҳои ин ҳамоиш барои расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошта, пурсамар хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала