Дуюмин ҳавопаймои ҳомили кумакҳои тиббии Русия дар Ҳиндустон фуруд омад

© МЧС РФ / Гузаштан ба хазинаи аксЭкстренная гуманитарная помощь МЧС России для борьбы с пандемией COVID-19 в Индии
Экстренная гуманитарная помощь МЧС России для борьбы с пандемией COVID-19 в Индии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Ирсоли кумакҳои тиббӣ пас аз суҳбати телефонии Владимир Путин бо Нарендра Модӣ ривоҷ ёфт
ДУШАНБЕ, 29 апрел - Sputnik. Дар фурудгоҳи Ҳиндустон дуюмин ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия фуруд омад. хабар медиҳад РИА Новости.
Бар хабари манбаъ, ирсоли кумакҳои тиббӣ ба Ҳиндустон пас аз суҳбати телефонии кишвардори Русия Владимир Путин ва сарвазири он кишвар Нарендра Модӣ сурат гирифта истодааст.
Дар ҷараёни суҳбати телефонӣ, Владимир Путин ба сарвазир Модӣ аз омодагии Русия дар роҳи мубориза бурдан бо авҷи маризии коронавирус дар Ҳиндустон хабар дод.
Зимнан, Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия мегӯяд, ҳавопаймои ИЛ-76 бо 22 тонн маводҳои тиббӣ, аз қабили дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, доруворӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ дар Ҳиндустон фуруд омад.
Ҳиндустон аз рӯи шумораи ошкоршудаи коронавирус дар ҷаҳон дуввум аст.
На улицах Индии сжигают трупы умерших от COVID-19 - youtube
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Бедодгариҳои коронавирус дар Ҳиндустон: ҷасадҳо дар кӯчаҳо сӯзонида мешаванд - видео
Мувофиқи маълумоти охирини Вазорати тандурустӣ, дар кишвар зиёда аз 17,9 миллион ҳолати COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, дар ҳоле ки зиёда аз 14,8 миллион нафар шифо ёфтанд.
Афзоиши шумораи сироятёфтагон дар кишвар аз нимаи моҳи феврал идома дорад ва шумораи беморони табобатшаванда ба се миллион наздик шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала