Ҳушдори сафорат аз қаллобону тавсия ба муҳоҷирине, ки номашонро иваз карда омаданд

© Sputnik / Стас ЭтвешПосольство Республики Таджикистан в Москве
Посольство Республики Таджикистан в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, авф барои ашхосе, ки ному насабашонро иваз намуда вориди Русия шудаанд, дахл надорад
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия бори дигар аз шаҳрвандоне, ки бо сабабҳои гуногун худро ба қайди иқомат (регистрация) нагирифтаанд ва онҳое, ки то ин замон ғайриқонунӣ кор мекунанд, инчунин нафароне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, даъват кардааст, ки ҳатман ба шӯъбаҳои Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия рафта, будубошашонро қонунӣ намоянд.
"Ҳамчунин, онҳое, ки ба кор ҷалб шудаанд, метавонанд патентҳои кории худро тамдид ё аз нав таҳия намоянд",- таъкид кардааст сафорат.
Ҳамзамон, сафорат қайд кардааст, ки тибқи арзу шикоятҳои шаҳрвандон ва маълумоти ба даст омада, вақтҳои охир аз ҳолати ба амаломада, яъне авф гардидани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии муҳоҷирони меҳнатӣ (амнистия), шахсони манфиатдор, миёнаравҳо ва қаллобон истифода намуда, аз шаҳрвандон барои гӯё барқарор намудани корти муҳоҷиратӣ (миграционная карта) ва бақайдгирӣ (регистрация) маблағҳои зиёд талаб мекунанд.
Министр внутренних дел РФ Владимир Колокольцев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Имкони охирин: Колоколтсев муҳоҷиронро даъват кард, ки ҳузурашонро дар Русия қонунӣ кунанд
Дар ин робита аз шаҳрвандон қатъӣ талаб шудааст, ки ба чунин афрод бовар накарда, танҳо аз манбаъҳои расмӣ, яъне аз Сафорати (Хадамоти консулии) Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори Русия маълумот гиранд ва мустақилона ба шӯъбаҳои Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия муроҷиат намоянд.
Инчунин гуфта мешавад, ба шаҳрвандоне, ки нисбат ба онҳо қарор дар бораи манъи вуруд ба қаламрави Русия содир шудааст (запрет въезда) ва онҳо ному насаби худро иваз карда омадаанд, чунин авф (амнистия) ба онҳо дахл надорад.

"Ба чунин шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки ба Тоҷикистон сафар намуда, то ба охир расидани муҳлати қарор дар бораи манъи воридшавӣ ба Русия мунтазир бимонанд", - афзудааст сафорат.

Ёдовар мешавем, қаблан мақомоти Русия ба муҳоҷирон то санаи 15 июн муҳлат дода буданд, ки ҳузурашонро дар ин кишвар қонунӣ кунанд, вагарна ба рӯйхати ашхоси мамнуулвуруд барои солҳои тӯлонӣ шомил хоҳанд шуд.
Бояд гуфт, ки роҳбари Сарраёсати масоили муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, Валентина Казакова дар як нишасти матбуотӣ пас аз натиҷаи гуфтушунидҳои Русияву Тоҷикистон гуфта буд, ки шаҳрвандони кишвар то 30 июн метаовнанд будубошашаонро дар Русия қонунӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала