Истеҳсоли пойафзолҳои Русия дар Суғд

© pixabayМужская обувь, архивное фото
Мужская обувь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори фабрикаи пойафзолбарории шаҳри Магнитогорски Русия Владимир Валашок роҷеъ ба перомуни тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят, ахиран дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо директори фабрикаи пойафзолбарории шаҳри Магнитогорски Русия Владимир Валашок сурат гирифт.
Зимни мулоқот раиси вилояти Суғд таъкид доштааст, ки дар вилоят барои ташкили корхонаҳои нави саноатӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ва таъмини ҳарчи бештари шаҳрвандон бо ҷойи кор якҷо бо соҳибкорону сармоягузорон лоиҳаҳои мушаххас амалӣ шуда истодааст.
Гуфта мешавад, яке аз чунин тадбирҳои ташкили корхонаҳои пойафзолбарорӣ ва таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ арзёбӣ гардид.
Кроссовки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2019
Дар Исфара қочоқи 1298 ҷуфт пойафзол аз Қирғизистон ошкор шуд
Зикр шуд, ки феълан дар вилояти Суғд 6 корхонаи пойафзолбарорӣ фаъолият доранд, ки аз инҳо ду корхона дар шаҳри Исфара, ду корхона дар шаҳри Истаравшан ва дуи дигар дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бӯстон ҷойгир буда, соли 2020 дар ин корхонаҳо 115,8 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019 ҳудуди 50 ҳазор ҷуфт зиёд мебошад.
“Дар асоси нақшаҳои тарҳрезишуда фабрикаи пойафзолбарории Магнитогорск дар корхонаи пойафзолбарории ширкати “Исфара-саманд”-и шаҳри Исфара хати нави истеҳсоли пойафзолро ба роҳ мемонад, ки дар натиҷа шумораи ҷойҳои корӣ зиёд ва ҳаҷми истеҳсолот бештар мешавад”, - омадааст дар хабар.
Бо назардошти зиёдшавии истеҳсоли пӯст дар вилоят роҳбари вилоят пешниҳод намуд, ки дар ояндаи наздик аз ҷониби фабрикаи пойафзолбарории Магнитогорск дар шаҳри Хуҷанд корхонаи пойафзолбарорӣ таъсис дода шавад.
Директори фабрикаи пойафзолбарории Магнитогорск Владимир Валашок омодагии худро барои расидан ба ҳадафҳои муштарак ва истифодаи имконоти мавҷуда дар вилояти Суғд баён намуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала