16 корхона истеҳсоли сементро дар Тоҷикистон афзоиш доданд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузаштан ба хазинаи аксПроизводство цемента. Архивное фото
Производство цемента. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз истеҳсоли беш аз як миллион тонна семент дар кишвар дар се моҳи аввали соли равон хабар дод
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Тавре сомонаи ин вазорати саноат хабар додааст, тавлиди семент дар Тоҷикистон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта наздик ба 55 ҳазор тонна ё 5,6 дарсад афзоиш ёфтааст.
Гуфта шудааст, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 16 корхонаи семент фаъолият мекунад, ки аз зарфияти тавлиди солонаи наздик ба 4 миллион тонна семент бархурдор аст.
Дар соли 2020 Тоҷикистон бо вуҷуди густариши вируси корона 4 миллиону 200 тонна семент тавлид кард, ки 1 миллиону 300 ҳазор тоннаи он ба Афғонистон, Узбекистон ва Қирғизистон содир шуд.
Рабочие на стройке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Тоҷикистон дар ду моҳ 700 ҳазор тонна семент истеҳсол кард
Арзиши молии содироти ин миқдори семент дар соли 2020 наздик ба 60 миллион доллар эълом шудааст.
Зикр шудааст, ки имсол ба далели суръат гирифтани раванди сохтусоз дар Тоҷикистон имкони афзоиши тавлиди семент ба беш аз 4,5 миллион тонна вуҷуд дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала