Котибони Шӯроҳои амнияти Русияву Тоҷикистон дар Душанбе ҳамкориҳоро баррасӣ карданд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузаштан ба хазинаи аксСекретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Дабирони Шӯроҳои Амнияти Русия Николай Патрушев ва Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар Душанбе нақшаҳои ҳамкориҳои кишварҳоро дар соҳаи амният барои солҳои 2021-2022 баррасӣ карданд.
ДУШАНБЕ, 29 апр – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Шӯрои Амнияти Русия мулоқоти ҷонибҳо имрӯз доир гашта, дар он таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо созмонҳои байналмилалии террористӣ ва экстремистӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон ҷонибҳо дар бораи вазъи Афғонистон мубодилаи афкор карданд.
Ёдовар мешавем, имрӯз, дар Душанбе нишасти Кумитаи дабирони шӯроҳои амнияти кишварҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор мешавад.
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Дабири кулли СААД вазъро печида ва ноустувор хонд
Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои амнияти ҳарбӣ, мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳо ва чораҳои безараргардонии онҳоро муҳокима хоҳанд кард.
Дар ҷаласа нақшаи муҷаҳҳазгардонии нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ, омӯзиши муштараки нерӯҳо ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъӣ ва Нақшаи машваратҳо оид ба сиёсати хориҷӣ, мудофиа ва амният барои нимаи дуюми соли 2021 - нимсолаи аввали 2022 баррасӣ карда мешаванд.
Начальник Объединенного штаба ОДКБ генерал-полковник Анатолий Сидоров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2021
Нигарониҳои СААД аз ҳузури ҳазорон ҷангҷӯ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Инчунин дар рӯзномаи ҷаласаҳо баррасии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии имзои Созишномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СААД мавҷуд аст.
Пеш аз оғози ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва СААД, вазирони дифоъ ва котибони Шӯроҳои Амниятро Раиси Шӯрои Амнияти Дастаҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала