Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Тафсилоти бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикисону Қирғизистон

Нерӯҳои Тоҷикистон ба ҳолати вижа гузаштанд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанВоенный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Нерӯҳои Тоҷикистон дар пайи муноқишаи муссалаҳона дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон ба ҳолати вижа даромаданд
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Сохторҳои қудратии Тоҷикистон бино бар муноқишаҳои ахир дар марз бо Қирғизистон ба ҳолати вижа даромаданд, иттилоъ додааст РИА Новости бо такя ба як манбаъ дар Вазорати корҳои дохилии кишвар.
"Аз нисфирӯзи панҷшанбе тамоми сохторҳои қудратии Тоҷикистон бино бар ҳаводиси марзӣ бо Қирғизистон, ки ба як муноқишаи мусаллаҳона табдил ёфт, ба ҳолати вижаи казармавӣ гузаронида шуданд", - гуфт як манбаъ дар вазорат.
Вазорати корҳои дохилӣ инчунин изҳороти ҷониби Қирғизистон, дар бораи иштироки нерӯҳои махсус дар даргириҳои мусаллаҳонаро рад кард.

"Мо дар қаламрави вилояти Суғд, ки ҳоло муноқиша ҷараён дорад як воҳиди вижа дорем ва агар фармоне шавад, онҳо дар паст кардани шиддати низои мусаллаҳонаи ду тараф ширкат хоҳанд кард", - афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки санаи 28-уми апрел, сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии Маркази тақсими оби "Головной" дар марз муноқиша карданд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса 7 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дастикам ду сокини ин кишвар маҷруҳ шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд.
Военнослужащие Кыргызстана на территории приграничных кыргызских сел в Баткенской области, где идет конфликт с Таджикистаном. 29 апреля 2021 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
"Роҳи Чоркӯҳ-Ворух озод шуд”: тафсилот аз тирандозиҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ҷанҷол баъд аз он оғоз шуд, ки Тоҷикистон хост, дар наздикии Маркази тақсими об дурбинҳои назоратӣ насб кунад. Ба иттилои сокинони Хоҷаи Аъло, пештар дар он ҷо мақомоти Қирғизистон чунин дурбин насб карда буданд, вале марзбонони кишвари ҳамсоя ба насби дурбин аз ҷониби Тоҷикистон мухолифат кардаанд.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.
Муноқиша дар як минтақа сарзад, ки он замон раҳбари вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев дар минтақаи бетарафи ҳудудӣ барои ҳалли низоъҳо мулоқот мекарданд.
Ҷонибҳо дар бораи пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар марз ва қаламравҳои баҳснок, инчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои обёрӣ ва ҳавзаи об изҳори назар карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала