Нигаронии деҳқонону чорводорон аз гармои шадид: зимистон мушкил мешавад

Жара в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон аз гармои шадид дар кишвар хабар медиҳад, ки деҳқонону чорводоронро нигарон кардааст
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Деҳқонону чорводорони кишварро гармиҳои ахир нигарон кардааст. Онҳо бар ин назаранд, ки агар вазъ ҳаминтавр идома кунад солро бо зарар анҷом хоҳанд дод.
Айём Ҳалимов, як деҳқон аз ноҳияи Зафаробод дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, қариб тайи як моҳи ахир борон намешавад, кишт ниёз ба обмонӣ дорад.

"Ҳоло канали обгузар низ барои обёрӣ омода нашудааст об ҳам нест. Ҳолӣ ниёз ба обмонӣ дорад. чанд рӯзи дигар ҳам ҳаминтавр агар идома ёбад, зарари ҷиддӣ мебинем. Зиндагии мо ба ҳамин кишту заминҳоямон вобаста аст", - мегӯяд деҳқон.

Ба гуфти ӯ соли қаблӣ чунин набуд, зеро боронгариҳо зиёд буду зироат ниёз ба обмонӣ низ надошт.
"Соли гузашта мо пас аз май ба обмонӣ шурӯъ кардем, аммо соли ҷорӣ зироат беш аз даҳ рӯз аст, ки обталаб, аммо об нест".
Номбурда гуфт, вазъ на танҳо дар як ноҳия балки дар дигар навоҳию минтақаҳо низ нигаронкунанда аст.
Отдыхающие в Центральном парке культуры и отдыха имени Горького в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Гармии рекордӣ дар Маскав: то 21,5 дараҷа расид
Ҳамзамон Ҷӯрабой Шарифов яке аз чорводорон дар ноҳияи Шаҳритус низ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз беборишӣ ҳама сабзаҳо хушк шуданд ва намедонад то баҳори оянд чӣ мушкилиҳои дигар пеш хоҳанд омад.
"Мо мавсимӣ ба ин минтақа меоем ва зимистонгузаронӣ мекунем. Ҳоло вақти рафтан ба минтақаи тобистонгузарониамон каме ҳаст, аммо дар даштҳо алаф, ки хушк шуд, маҷбурем тезтар ба роҳ бароем вагарна чорво хароб мешавад".
Ӯ гуфт, тобистон намедонад дар баландкӯҳҳо чи гуна мегузарад, аммо мутмаин аст, ки агар вазъ ягон ҳафтаи дигар чунин давом кунад зимистон мушкил хоҳад шуд.
"Агар боронгариҳо зиёд шавад пастиҳо алаф мешаванд ва ҳангоми бозгашт барои зимистонгузаронӣ мушкил нахоҳад буд, аммо имсол вазъ норушан аст", - мегӯяд чорводор.
Дар ҳамин ҳол Агентии обуҳавошиносӣ мегӯяд, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала