Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Сокинони Қирғизистон аз президент талаб доранд, ки шахсан ба марз биёяд

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксНовоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Сокинони вилояти Бодканд аз Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон талаб карданд, ки ба маҳалли муноқишаҳои марзӣ ба назди сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон ҳозир шавад
ДУШАНБЕ, 29 апрел - Sputnik. Сокинони минтақаи Бодканд талаб доранд, ки президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, сарвазир Улуғбек Марипов ва роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев ба назди онҳо биоянд.
Дар ин бора ба Sputnik Қирғизистон вакили Шӯрои деҳоти Ак-Татир Мухторалӣ Ҳолмирзоев хабар додааст.
Манбаъ илова кардааст, ки вазъ дар марз то ҳол ба эътидол наомадааст.Тирпарронӣ дар маҳал садо медиҳад ва бо вуҷуди ин, сокинони деҳаҳои дигари минтақаи Бодканд ба минтақаи низоъ мешитобанд.
Ғайр аз ин, мардуме, ки имрӯз назди бинои ҳукумати Бишкек ҷамъ омадаанд аз раисҷумҳур низ талаб доранд, ки фавран ба ҷои муноқиша ба марзи Қирғизистону Тоҷикистон равад.
Пограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Роҳбари Хадамоти марзбонии Қирғизистон фавран ба марз рафт
Мардум дар майдони Кӯҳна ҷамъ омаданд, ки миёни онҳо хешовандони онҳое ҳастанд, ки дар минтақаи наздимарзӣ зиндагӣ мекунанд. Онҳо талаб карданд, ки мақомот ба вилояти Бодканд раванд.
Дар ҳоли ҳозир, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Уларбек Шаршеев фавран ба вилояти Бодканд парвоз кард.
Гуфта мешавад, ки Шаршеев амалҳои нерӯҳои амниятиро дар қитъаи марзи Қирғизистону Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъ шахсан ҳамоҳанг хоҳад кард.
Тибқи иттилои КДАМ, вазъи дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон бо унсурҳои ташаннуҷ нисбатан мӯътадил аст.
Сангзании рӯзи 28 апрел дар марзи Тоҷикистон Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марз бо Қирғизистон - чӣ шуду чӣ мегузарад
Ёдовар мешавем, ки санаи 28-уми апрел, сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии Маркази тақсими оби "Головной" дар марз муноқиша карданд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса 7 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дастикам ду сокини ин кишвар маҷруҳ шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд.
Ҷанҷол баъд аз он оғоз шуд, ки Тоҷикистон хост, дар наздикии Маркази тақсими об дурбинҳои назоратӣ насб кунад. Ба иттилои сокинони Хоҷаи Аъло, пештар дар он ҷо мақомоти Қирғизистон чунин дурбин насб карда буданд, вале марзбонони кишвари ҳамсоя ба насби дурбин аз ҷониби Тоҷикистон мухолифат кардаанд.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Таниши навбатии марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистон дар се деҳоти марзӣ бо Тоҷикистон ҳолати фавқулода ҷорӣ кард
Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.
Муноқиша дар як минтақа сарзад, ки он замон раҳбари вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев дар минтақаи бетарафи ҳудудӣ барои ҳалли низоъҳо мулоқот мекарданд.
Ҷонибҳо дар бораи пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар марз ва қаламравҳои баҳснок, инчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои обёрӣ ва ҳавзаи об изҳори назар карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала