Болоравии қурби рублу евро дар Тоҷикистон: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкКурс иностранной валюты
Курс иностранной валюты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Обуна шудан
Тибқи маълумоти расмии Бонки миллии Тоҷикистон, қурби асъори аврупоӣ ва русӣ дар баробари сомонӣ болоравиро нишон медиҳад.
ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро барои имрӯз эълон кард.
Ҳамин тариқ, имрӯз як евро аз рӯи нишондоди БМТ то 13.6576 сомонӣ арзиш дорад. Дар аввали моҳи апрел, ин асъори хориҷӣ дар кишвар барои як евро 13,29 сомонӣ арзиш дошт.
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,32 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Ин ниҳод арзиши 1 рубли русиро барои имрӯз дар Тоҷикистон 0.1511 сомонӣ нишон додааст.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ, 1 евро аз 13.6576 то 13.8400 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1511 то 0.1535 сомонӣ муқаррар шудааст.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Иқтисодшинос гуфт, кай қурби доллар ба марзи 100 рубл мерасад
Мавриди зикр аст, ки танзимгари бозори арз қурбро бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷи гумрукӣ муқаррар мекунад, дар ҳоле ки дар дигар ташкилотҳои қарзии кишвар ва бонкҳо асъор метавонад якчанд сомонӣ болотар бошад.
Ёдовар мешавем, БМТ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин дар банкоматҳо ва терминалҳои кишвар манъ аст.
Риоя накардани ин талабҳо вайронкунии қонун ҳисобида шуда, ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0