Зодрӯзи Бобохалил Одинаев ва даргузашти Хакимҷон Ҳазратқулов: рӯзи 29 апрел дар таърих

© Sputnik / Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 29 апреля
День 29 апреля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Обуна шудан
Рӯзи бисту нуҳуми апрел Рӯзи ҷаҳонии рақс ва Рӯзи гиромидошти хотири қурбониёни силоҳи кимиёвӣ мебошад

Рӯзи 29 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1931 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин барномаи телевизионии касбӣ ба намоиш дода шуд.

Рӯзи 29 апрел дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1961 анҷумани аввалини зиёиёни Тоҷикистон доир гардид.
Соли 1992 миёни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардид.
Соли 2011 Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 15-солагии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.
День 28 апреля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Қабули нахустин конститутсияи Тоҷикистон, зодрӯзи Имомзода ва Чақалов: 28.04 дар таърих
Соли 2013 Низомномаи таъйин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тасдиқ гардид.
Соли 2014 дар Душанбе амнияти энергетикии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Соли 2014 дар Тоҷикистон Шӯрои миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушди он таъсис ёфт.
Соли 2015 сарвазири Русия Дмитрий Медведев аз намоишгоҳ — гӯшаи Тоҷикистон бахшида ба саҳми Тоҷикистон дар Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945, ки дар Осорхонаи марказии ҶБВ воқеъ дар Поклонная гораи шаҳри Москва ифтитоҳ гардид, дидан намуд.
Соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои он ҳамроҳ шуд.
Соли 2016 лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Булғористон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо қабул карда шуд.
День 27 апреля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Зодрӯзи Файзулло Исматов: рӯзи 27 апрел дар таърих
Соли 2016 дар мусобиқаи интихобии Осиё оид ба таэквондо WTF барои пайдо кардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Рио, ки дар пойтахти Филиппин- шаҳри Манила ба анҷом расид, ду нафар варзишгарони мамлакат ба гирифтани медалҳои биринҷӣ муваффақ шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 29 апрел

Рӯзи ҷаҳонии рақс.
Рӯзи гиромидошти хотири қурбониёни силоҳи кимиёвӣ.

Рӯзи 29 апрел дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1882 — Бобохалил Одинаев, ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Рӯзи 29 апрел дар Тоҷикистон кӣ вафот кард

Соли 2013 — Хакимҷон Ҳазратқулов, гиторнавози гурӯҳи "Парем".
Лентаи хабарҳо
0