Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Тошиев аз роҳаш бозгашт: ӯ гуфт, дар ризоият ғолиб меоянд

© Пресс-служба правительства Кыргызстана / Алишер АлиевПредседатель ГКНБ Камчыбек Ташиев. Архивное фото
Председатель ГКНБ Камчыбек Ташиев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Обуна шудан
Рӯзи гузашта сардори Кумитаи давлати амниятии миллии Қирғизистон бар қасди муолиҷа ба Олмон парвоз кард
ДУШАНБЕ, 29 апрел - Sputnik. Сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, ки феълан дар Олмон қарор дорад, бо нашри як муроҷиатнома, мардуми Қирғизистонро ба сабурӣ даъват кард.
Қамчибек Тошиев, рӯзи гузашта бар қасди табобат озоми Олмон шуд, вале имрӯз дар муроҷиатномаи худ гуфтааст, ки бармегардад.
"Субҳи 28 апрел бинобар бад будани вазъи саломатӣ ба Олмон парвоз кардам, аммо дар робита ба вазъи феълӣ бармегардам, ҳарчанд то беморхона ҳам нарасидам", - навиштаст Тошиев.
Ба таъкиди ӯ, шоми имрӯз аллакай озими Қирғизистон мешавад. Дар зимн, ӯ аз ҳамватанони худ даъват намудааст, ки сабур бошанд .
Ҳамчунин ӯ навиштааст, ки "дахлнопазирии марзҳо аз ҳаёт муҳимтар аст ва мувофиқа ".
Тошиев изҳори умедворӣ намуд, ки дар ризоият ғолиб меоянд.
Хабари аз роҳ боз гаштани Сардори КДАМ Қирғизистон дар ҳолест, ки вазъият феълан дар марз нотинҷ аст. Имрӯз барои чанд маротиба миёни сокинони марзӣ тирпарронӣ сурат гирифт, ки чандин нафар аз ҳар ду ҷониб захм бардоштанд.
Номи Қамчибек Тошиев дар расонаҳои сигменти тоҷикӣ замоне, баҳсбарангез шуд, ки ӯ пешниҳоди иваз кардани Ворух ба қисмате аз Бодканд кард.
Хамрохон Зарифи. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Вокуниши собиқ вазири тоҷик ба пешниҳоди додани Ворух ва интиқодаш аз раиси КДАМ
Зимнан, собиқ вазири тоҷик аз пешниҳоди Тошиев сахт интиқод кард.
Ҳамрохон Зарифӣ дар сафҳаи фейсбукӣ ин пешниҳоди Тошиевро барои додани Ворух сафсата хонда, таъкид намудааст, ки мо даъвои қаламрави бегонаро надорем, аммо порае аз замини худро низ намедиҳем.
Лентаи хабарҳо
0