Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Тафсилоти бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикисону Қирғизистон

Тошканд гуфт, омодааст дар ҳалли низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон кумак кунад

© Sputnik / Табылды КадырбековПограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз шиддат гирифтани вазъ дар маризи Тоҷикистону Қирғизистонро изҳори нигаронӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Ҷумҳурии Ӯзбекистон иттилооти воридшударо дар бораи тезутунд шудани вазъ дар сарҳади давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки боиси талафоти ҳарду ҷониб шуданд, бо нигаронии амиқ қабул кард, хабар додааст, вазорати корҳои хориҷии ин кишвар.
"Мо тарафҳоро даъват мекунем, ки ба даргириҳо фавран хотима дода, барои ба эътидол овардани вазъ чораҳои муштарак биандешанд ва аз амалиёте, ки боиси афзоиши минбаъдаи танишҳо мешаванд, даст кашанд", - гуфтааст Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон .
Имрӯзҳо ҳама масъалаҳо ва мушкилоти мавҷуда бояд танҳо тавассути музокирот ва машваратҳо дар рӯҳияи муносибатҳои дӯстии чандинасра, ҳамсоягии нек ва шарикӣ, ки ба халқҳои бародари Осиёи Марказӣ хосанд, ҳал карда шаванд, афзудааст манбаъ.
Таниши навбатии марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Даъвати мақомдорон аз сокинони наздимарзӣ: ба хона равед
Ҳамзамон ҷониби Ӯзбекистон омодааст, ки барои ҳарчи зудтар ҳал кардани вазъи баамаломада ҳамаҷониба кӯмак расонад.
Ёдовар мешавем, муноқиша рӯзи гузашта оғоз шуда, ба иттилои манобеъ ба се минтацаи дигар гузашт ва дорад мутташанництар мегардад.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала