Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Вазирони корҳои хориҷӣ суҳбат карданд: Тоҷикистон ба низоми оташбас гузашт

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Қазияи мазкур ба майдони дипломатию сиёсӣ кашонида мешавад
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо ташаббуси вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбаев суҳбати телефонӣ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин баргузор шуд.
Аз Раёсати иттилоот ва матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҷонибҳо бар зарурати ҳалли қазияи мазкур аз роҳҳои дипломатию сиёсӣ таъкид намуданд.
“Инчунин бо супориши роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми оташбас аз ҷониби Тоҷикистон риоя гардида, қазияи мазкур ба майдони дипломатию сиёсӣ кашонида шуда, ба ҳамин зудӣ дар шаҳри Исфара музокирот миёни раҳбарони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад”, - гуфт манбаъ.
Ин дар ҳолест, ки пештар хабар дода шуд, ки сохторҳои қудратии Тоҷикистон бино бар муноқишаҳои ахир дар марз бо Қирғизистон ба ҳолати вижа даромаданд.
Вазорати корҳои дохилӣ инчунин изҳороти ҷониби Қирғизистон, дар бораи иштироки нерӯҳои махсус дар даргириҳои мусаллаҳонаро рад кард.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.
Баховаддин Баходурзода, председатель город Исфара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Раиси шаҳри Исфара захмӣ шуд
Муноқиша дар як минтақа сарзад, ки он замон раҳбари вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев дар минтақаи бетарафи ҳудудӣ барои ҳалли низоъҳо мулоқот мекарданд.
Ҷонибҳо дар бораи пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар марз ва қаламравҳои баҳснок, инчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои обёрӣ ва ҳавзаи об изҳори назар карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала