Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Аҳмадзода: барои бозшавии роҳҳо бо роҳбарияти вилояти Бодканд гуфтушунид анҷом додем

© Исполнительный орган государственной влати Согдийской областиРаджаббой Ахмадзода, глава Согдийской области
Раджаббой Ахмадзода, глава Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Раиси вилояти Суғд ба фаъолони шаҳри Исфара ваъда дод, ки оқибатҳои даргириҳои рӯзи гузашта пурра бартараф гардида, хатти интиқоли барқ ва пулу роҳҳо таъмир карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Субҳи рӯзи 30 апрел бо супориши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо ҳузури фаъолони шаҳру деҳоти Исфара машварати кории раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, дар машварат таъкид карда шуд, ки бо ташаббуси ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон комиссия оид ба ҳалли низои мусаллаҳона таъсис ёфт.
“Ҷонибҳо оқибатҳои ҳодисаро муҳокима карданд ва тибқи мувофиқа даргириҳои мусаллаҳона қатъ карда шуд. Айни замон гурӯҳи кории муштараки ду кишвар аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти иҷроия таъсис ёфта, баҳри фароҳам овардани шароити мувофиқ ва ташкили музокироти судманд корбарӣ карда истодаанд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Глава  Согдийской области Раджаббой Ахмадзода посетил жителей города Пенджикент, пострадавших в результате взрыва баллона со сжиженным газом. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Раиси вилояти Суғд аз ҳоли маҷруҳони даргирии марзӣ хабар гирифт
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки оқибатҳои даргириҳои рӯзи гузашта пурра бартараф гардида, хатти интиқоли барқ ва пулу роҳҳо таъмир карда мешаванд.
“Мо барои бозшавии роҳҳо бо роҳбарияти вилояти Бодканд гуфтушунид анҷом додем ва ин мушкил низ ҳал хоҳад шуд”, - илова кард Раҷаббой Аҳмадзода.
Раиси вилоят инчунин аз сокинони наздимарзӣ даъват кард, ки ба иғвою эҳсосот дода нашуда, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала