Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Истиқболи намояндаи Иттиҳоди Аврупо аз оташбас миёни Тоҷикистону Қирғизистон

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузаштан ба хазинаи аксФлаги с символикой Евросоюза у здания Еврокомиссии в Брюсселе.
Флаги с символикой Евросоюза у здания Еврокомиссии в Брюсселе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Питер Буриан масоили марзиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқти Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан бо шоми имрӯз доир гаштааст.
Ба иттилои манбаъ, дар сӯҳбат вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд.
"Вазири корҳои хориҷӣ дар бораи вазъи кунунии минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Қирғизистон ва чораҳои андешидашуда оид ба бас кардани оташ ва созишнома дар бораи минбаъд ба эътидол овардани вазъ бо истифода аз роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ гузориш дод",- афзудааст котиботи Вазорати корҳои хориҷа.
Гуфта мешавад, намояндаи махсуси ИА дар Осиёи Марказӣ аз қарори оқилонаи роҳбарияти Тоҷикистон дар бораи ба даст овардани созиш бо давлати ҳамсоя дар бораи оташбас истиқбол кард ва омодагии ИА-ро барои дастгирии техникӣ дар доираи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак дар марз иброз дошт.
Ёдовар мешавем, ки вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон аз сабаби насби дурбина дар нуқтаи тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, бадтар шудааст.
Генерал-майор Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ бо либоси низомӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Оташбас, музокирот дар Исфара ва рафтани Шоҳ Искандаров ба Ворух
Аввалин занозанӣ байни сокинони маҳаллӣ шоми 28 апрел рух дода.Бархӯрд миёни нерӯҳои марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон баъд аз зӯҳри 29 апрел оғоз ёфт.
Мақомотоҳои расмии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ин даргириҳо якдигарро айбдор карданд.
Даргириҳо миёни низомиён то шом идома кард. Пас аз музокироти сатҳи баланд байни вазирони корҳои хориҷӣ ва сарвазирони ҷумҳуриҳо, қарор шуд, ки оташбас эълон карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала