Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Изҳороти муштараки Тоҷикистону Қирғизистон

© SputnikПредседатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото
Председатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон пас аз музокирот изҳороти муштаракеро бо имзои роҳбари КДАМ Тоҷикистон, Саймумин Ятимов ва намояндаи сиёсии ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд, Омурбек Суваналиев интишор шуд
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Дар ин изҳороти муштарак гуфта шудааст, ки ҳарду кишвар ба даргириҳои мусаллаҳона хотима дода, ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ баргардонида хоҳанд шуд.
“Комиссияҳое, ки бо ташаббуси ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳалли низои мусаллаҳонаи 29 апрели соли 2021 дар минтақаҳои наздисарҳадии ҶТ ва ҶҚ рухдода, таъсис ёфтаанд, сабабҳо ва оқибатҳои ҳодисаро муҳокима карда, ба мувофиқа расиданд, ки даргириҳои мусаллаҳона қатъ карда шуда, ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ баргардонида шавад”, - таъкид шудааст дар изҳорот.
Инчунин дар ин изҳорот қайд шудааст, ки барои роҳ надодан ба ташаннуҷ чора андешида шуда, гурӯҳи кории муштараки ду кишвар аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти иҷроия барои татбиқи пурраи тадбирҳои пешбинишуда ва фароҳам овардани шароити мувофиқи мӯътадил барои раванди музокироти судманд ба манфиати ду халқ ва давлати дӯст ташкил карда шавад.
Флаги с символикой Евросоюза у здания Еврокомиссии в Брюсселе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Истиқболи намояндаи Иттиҳоди Аврупо аз оташбас миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Ёдовар мешавем, ки санаи 28-уми апрел, сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии Маркази тақсими оби "Головной" дар марз муноқиша карданд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса 7 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дастикам ду сокини ин кишвар маҷруҳ шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд.
Ҷанҷол баъд аз он оғоз шуд, ки Тоҷикистон хост, дар наздикии Маркази тақсими об дурбинҳои назоратӣ насб кунад. Ба иттилои сокинони Хоҷаи Аъло, пештар дар он ҷо мақомоти Қирғизистон чунин дурбин насб карда буданд, вале марзбонони кишвари ҳамсоя ба насби дурбин аз ҷониби Тоҷикистон мухолифат кардаанд.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Генерал-майор Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ бо либоси низомӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Оташбас, музокирот дар Исфара ва рафтани Шоҳ Искандаров ба Ворух
Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.
Муноқиша дар як минтақа сарзад, ки он замон раҳбари вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев дар минтақаи бетарафи ҳудудӣ барои ҳалли низоъҳо мулоқот мекарданд.
Ҷонибҳо дар бораи пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар марз ва қаламравҳои баҳснок, инчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои обёрӣ ва ҳавзаи об изҳори назар карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала