Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Оташбас нақз шуд: дар ҷамоати Кулканд боз тирпаронӣ сурат гирифт

© Кайрат ЖапаровВоеннослужащие Кыргызстана на территории приграничных кыргызских сел в Баткенской области, где идет конфликт с Таджикистаном. 29 апреля 2021 года
Военнослужащие Кыргызстана на территории приграничных кыргызских сел в Баткенской области, где идет конфликт с Таджикистаном. 29 апреля 2021 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Сарфи назар аз созиши ҳукуматҳо барои оташбас ҳанӯз дар минтақаҳои марзӣ тирпарронӣ сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Субҳи имрӯз, тахминан соати 8:30 ба 9 дар ҳудуди ҷамоати Кулканди Исфара дар марз бо Қирғизистон тирпаронӣ сурат гирифт.
Манбаъ аз ҷамоати Кулканди шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, шаҳрвандони Қирғизистон нақзи оташбас намуда, самти дидбонгоҳи "Гулистон" - и шаҳри Исфара оташ кушоданд.

"Тирпаронӣ ҳудуди 25 дақиқа давом ёфт ва хушбахтона касе осеби ҷиддӣ надид", - таъйид намуд манбаъ.

Тирпаронӣ дар ҳоле рух медиҳад, ки рӯзи гузашта Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Омурбек Суваналиев, раиси вилояти Бодканди Қирғизистон, изҳоротеро имзо карданд, ки даргирии мусаллаҳона бояд қатъ ва нерӯҳо ба макони будубоши доимӣ баргардонда шаванд.
Комиссияҳое, ки бо ташаббуси ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли низои мусаллаҳонаи 29 апрели соли 2021 таъсис ёфт, дар пайи музокирот изҳоротеро имзо намудаанд.
Тибқи ин санад, гурӯҳи кории муштараки ду кишвар аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти иҷроия барои татбиқи пурраи тадбирҳои пешбинишуда ва фароҳам овардани шароити мувофиқи мӯътадил барои раванди музокироти судманд ба манфиати ду халқ ва давлати дӯст ташкил карда шавад.
Глава  Согдийской области Раджаббой Ахмадзода посетил жителей города Пенджикент, пострадавших в результате взрыва баллона со сжиженным газом. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Раиси вилояти Суғд аз ҳоли маҷруҳони даргирии марзӣ хабар гирифт
Бар асоси иттилои расида, дар натиҷаи задухӯрдҳо дар марз аз ҷониби Тоҷикистон то шоми 30 апрел, се нафар кушта ва 31 нафар маҷрӯҳ гардидаанд. Қирғизистон дар мавриди ҷароҳати 81 нафару ҳалокати се нафар хабар медиҳад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон санаи 28-уми апрел дубора шиддат гирифт.
Сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии Маркази тақсими оби "Головной" дар марз ба ҳам сангзанӣ кардаанд ва баъдан 29 апрел ба тирпарронӣ миёни нерӯҳои низомии ду кишвар печидааст.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала