Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистон идомаи тирпарронӣ дар марзро такзиб кард

© Sputnik / Всеволод ТарасевичСело Чоркух. Архивное фото
Село Чоркух. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Вазъи марз ором аст ва таҳти назорати нерӯҳо қарор дорад
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Тоҷикистон хабарҳои тирпаронӣ дар марзро такзиб кард.
Сухангӯи раиси шаҳри Исфара, Зубайдулло Шомаддов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, "вазъи марз ором аст".
"Тирпарронӣ нашудааст, вазъ ором аст", - тавзеҳ дод вай.
Ҳамчунин Шомадов афзуд, ки марзро нерӯҳо пурра назорат мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки пештар манбаъҳо аз ҳодисаи тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон хабар дода буданд.
Бино бар иттилои манобеъ, субҳи имрӯз, тахминан соати 8:30 ба 9 дар ҳудуди ҷамоати Кулканди Исфара дар марз бо Қирғизистон тирпарронӣ сурат гирифт.
Манбаъ аз ҷамоати Кулканди шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, шаҳрвандони Қирғизистон нақзи оташбас намуда, самти дидбонгоҳи "Гулистон" - и шаҳри Исфара оташ кушоданд.
Скорая помощь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Афзоиши теъдоди кушташудаҳою маҷруҳон: тафсилоти талафоти ҷонӣ
"Тирпаронӣ ҳудуди 25 дақиқа давом ёфт ва хушбахтона касе осеби ҷиддӣ надид", - таъйид намуд манбаъ.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Омурбек Суваналиев, раиси вилояти Бодканди Қирғизистон, изҳоротеро имзо карданд, ки даргирии мусаллаҳона бояд қатъ ва нерӯҳо ба макони будубоши доимӣ баргардонда шаванд.
Комиссияҳое, ки бо ташаббуси ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли низои мусаллаҳонаи 29 апрели соли 2021 таъсис ёфт, дар пайи музокирот изҳоротеро имзо намудаанд.
Тибқи ин санад, гурӯҳи кории муштараки ду кишвар аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти иҷроия барои татбиқи пурраи тадбирҳои пешбинишуда ва фароҳам овардани шароити мувофиқи мӯътадил барои раванди музокироти судманд ба манфиати ду халқ ва давлати дӯст ташкил карда шавад.
Погибший солдат в столкновениях между Таджиками и Кыргызами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
28 - сола ва падари се фарзанд: афсаре, ки дар марзи Қирғизистон кушта шуд
Бар асоси иттилои ахири расман тасдиқнашуда, дар натиҷаи задухӯрдҳо дар марз аз ҷониби Тоҷикистон, то 10 нафар кушта ва 110 нафар маҷрӯҳ гардидаанд. Қирғизистон дар мавриди ҷароҳати беш аз 130 нафару ҳалокати 13 нафар хабар медиҳад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон санаи 28-уми апрел дубора шиддат гирифт.
Сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии Маркази тақсими оби "Головной" дар марз ба ҳам сангзанӣ кардаанд ва баъдан 29 апрел ба тирпарронӣ миёни нерӯҳои низомии ду кишвар печидааст.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози тирпарронӣ муттаҳам мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала