Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Раиси ноҳияи Мастчоҳ ҳамоишҳои шаби гузаштаи гурӯҳи калони мардумро тавзеҳ дод

© Мақомоти иҷроияи ноҳияи Мастчоҳ Сокинони ноҳияи Мастчоҳ
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Ҳукумати ноҳияи Масчоҳ қазияи ҳамоиши сокинонро, ки шаби гузашта сурат гирифтааст, тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши шаби гузаштаи сокинонро расман шарҳ дод.
Шаби гузашта дар ноҳия як гурӯҳ сокинон дар пайи даргириҳои марзӣ ҷамъ омдаанд.
Бино бар иттилои расонаҳои маҳаллӣ, шаби 29 апрел гуруҳи бузурге аз сокинони ноҳияи Мастчоҳ дар маркази ноҳия ва Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдон гирди ҳам омаданд.
Онҳо ҳодисаи марзиро баррасӣ кардаву изҳори омодагӣ кардаанд, ки агар "мақомот иҷозат диҳанд, ба Исфара мераванд".
Раиси ноҳия Тоҳир Азиззода гуфтааст, ки "мардум ба хоҳиши худ ҷамъ омадаанд ва мехоҳанд қарзи шаҳрвандии худро иҷро намоянд".

"Онҳо интизори як ишора ҳастанд, бовар кунед фақат як ишора кофист, ки ҳамаи ин мардум ба марз равад ва ба ивази ҷонаш ҳар зарраи хоки ватанро ҳимоя кунад. Вале мо ҷонибдори сулҳ ва оромием", - таъкид кардааст вай.

Дар ҳамин ҳол, бино бар иттилои корбарони Фейсбук, чунин ҳамоишҳо дар шаҳру ноҳияҳои гуногун, аз ҷумла Кӯлоб ва Хуҷанд сурат гирифтаанд.
Переговоры в Согде с участием глав ГКНБ Таджикистана Саймумина Ятимова и Кыргызстана Камчибека Ташиева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Мулоқоти Ятимов бо Ташиев оид ба аломатгузории сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
"Садҳо нафар сокинони касбу кори гуногуни шаҳри бостонии Хуҷанд бо амри дил баҳри ҳифзи Ватан-Модар дар ин лаҳзаҳои ҳассос омодагии хешро изҳор медоранд", - навиштааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки ҷонибдори ҳалли қазияи марзӣ бо роҳи осоишта ва сулҳомезанд.
Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Қирғизистон низ бо нашри як изҳорот таъкид карда буд, ки ҳеч зарурати фиристодани ихтиёриён ба марз нест ва шаҳрвандон бояд дар ин масъала ба мақомот кишвар эътимод кунанд.
Чунончи, пештар Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли қазия тариқи музокирот аст.
Тоҷикистон пурра омодаи ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои ҳалли қобили қабул тавассути музокирот буда, бо назардошти манфиатҳои миллии худ масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ бо Қирғизистонро тадриҷан ҳал мекунад. Ҳамзамон ӯ гуфт, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз заминҳое, ки аслан ва ба таври қонунӣ ба ӯ тааллуқ доштанд, даст нахоҳад кашид”, - таъкид доштааст Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо ва Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев.
Сироджиддин Мухриддин, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Муҳриддин: Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз заминҳое, ки ба ӯ тааллуқ доштанд, даст нахоҳад кашид
Дар натиҷа роҳбарони вазоратҳои хориҷӣ ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳалли масъалаҳои мураккаби сарҳади давлатӣ иродаи қавии сиёсӣ зоҳир намудан зарур аст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон санаи 28-уми апрел дубора шиддат гирифт.
Сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии Маркази тақсими оби "Головной" дар марз ба ҳам сангзанӣ кардаанд ва баъдан 29 апрел ба тирпарронӣ миёни нерӯҳои низомии ду кишвар печидааст.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози тирпарронӣ муттаҳам мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала