Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Мирзиёев ба Раҳмон занг зад: даргирӣ дар марзро баррасӣ карданд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиеев
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Кишвардорони Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯйдодҳои як рӯз пеш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои ӯзбеки худ Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ дошт.
Хабари суҳбати телефонии сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро котиботи роҳбари давлат нашр кард.
Бар хабари манбаъ, дар ҷараёни сӯҳбат сарони ду давлат рӯйдодҳои як рӯз пеш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба амал омадаро муҳокима карданд.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои ӯзбеки худ дар бораи чораҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон дар самти рафъи ташаннуҷ дар хатти сарҳад ва ҳалли вазъ бо роҳҳои дипломатӣ маълумот доданд.
Министерство иностранных дел России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Вокуниши Русия ба даргирии марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Манбаъ меафзояд, зимни суҳбат инчунин, баъзе ҷанбаҳои муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ шуд.
Дар ҳамин ҳол, котиботи раисҷумҳури Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки Шавкат Мирзиёев бо раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов низ суҳбати телефонӣ анҷом додааст.
Ёдовар мешавем, ки Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон, пештар аз даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонизҳори нигаронӣ намуд.
Ӯ баён доштааст, ки барои Қазоқистон халқи тоҷику қирғиз бародар мебошанд, ки таъриху арзишҳои муштарак доранд ва сулҳдӯстию таҳаммулпазирӣ хоси ҳар се давлат мебошад.
"Оташбас риоя шуд, марз ором": Тоҷикистон хост, расонаҳои қирғиз иғво наангезанд
Ӯ аз созиши оташбас истиқбол карда, изҳори боварӣ намудаст, ки роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон аз худ хирадмандӣ нишон дода, масоили баҳсиро бо роҳи мусолиҳа ҳал хоҳанд кард.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28 апрел дубора шиддат гирифт.
Ҳоло, бар тибқи маълумоти ахир, теъдоди кушташудаҳо аз ҷониби Тоҷикистон ба 23 нафар ва ҷароҳатбардоштаҳо ба 245 нафар расидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала