Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Муҳриддин: Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз заминҳое, ки ба ӯ тааллуқ доштанд, даст нахоҳад кашид

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузаштан ба хазинаи аксСироджиддин Мухриддин, архивное фото.
Сироджиддин Мухриддин, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев зимни суҳбати телефонӣ таъкид кардаанд, ки дар ҳалли масъалаҳои мураккаби сарҳади давлатӣ иродаи қавии сиёсӣ зоҳир намудан зарур аст
ДУШАНБЕ, 30 апр - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, вазирони ду кишвар вазъи мушкилеро, ки 28-29 апрели соли 2021 дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар ба вуҷуд омада буданд, муфассал баррасӣ карданд.
Муҳриддин зикр кард, ки рушди муносибатҳо бо ҳамсоягон дар минтақа, ки Тоҷикистонро бо онҳо робитаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек пайванд месозад, самти афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар маҳсуб мешавад.
“Тоҷикистон пурра омодаи ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои ҳалли қобили қабул тавассути музокирот буда, бо назардошти манфиатҳои миллии худ масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ бо Қирғизистонро тадриҷан ҳал мекунад. Ҳамзамон ӯ гуфт, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз заминҳое, ки аслан ва ба таври қонунӣ ба ӯ тааллуқ доштанд, даст нахоҳад кашид”, - таъкид доштааст Сироҷиддин Муҳриддин.
Гуфта шудааст, ки дар ҷараёни суҳбат вазирон аҳамияти ҳалли ҳама масъалаҳои марзи давлатиро танҳо тавассути гуфтушунидҳо зикр карда, роҳ надодан ба кӯшиши иғвоангезонаи тарафҳои алоҳидаи манфиатдорро, ки боиси боз ҳам шиддат ёфтани вазъият мегарданд, таъкид карданд.
Встреча главы МИД Таджикистана Сироджиддина Мухриддина и главы МИД Кыргызстана Руслана Казакбаева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2020
Мулоқоти вузарои хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон анҷом ёфт: ду вазир аз чӣ гуфтанд?
Ҳамзамон вазирон иброз доштанд, ки набудани эътимод дар минтақаҳои наздимарзӣ метавонад ҳодисаҳои нав ба вуҷуд орад ва оқибатҳои вазнин, аз ҷумла талафотро дар ду давлати ҳамсоя ба бор орад.
Роҳбарони вазоратҳои хориҷӣ ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳалли масъалаҳои мураккаби сарҳади давлатӣ иродаи қавии сиёсӣ зоҳир намудан зарур аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала