Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Рафтем, ба хона: ду навраси қирғиз дар Тоҷикистон сарпаноҳ ёфтанд

© Дафтари матбуоти раиси вилояти СуғдХонандагони мактаби махсус дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Хонандагони мактаби махсус дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Обуна шудан
Волидони ин наврасон натавонистанд, ки барои бурданашон аз Қирғизистон ба Тоҷикистон биёянд
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Ду навраси қирғизистонӣ дар Тоҷикистон сарпаноҳ ёфтанд, гузориш медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд дар истинод ба омӯзгор Гулчеҳра Исоева.
Ин ду наврас, Озодбек Назарматов ва Беҳзод Қобилов дар мактаб - парваришгоҳи махсуси Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳсил мекардаанд.
Бино бар қавли омӯзгори мактаб, рӯзи 29 апрел, вақте вазъ дар минтақаҳои марзӣ муташанниҷ шуд ва хонандагонро дар мактабе паноҳ доданд.

"Баробари шунидани садои тиру туфанг, тахминан соати 17- 30 дақиқаи санаи 29 – уми апрел барои бехатарии 308 толибилм онҳоро ба яке аз мактабҳои Ҷамоати деҳоти Зарзамин ҷой кардем", - мегӯяд омӯзгор Гулчеҳра Исоева.

Имрӯз баъди эътидол омадани вазъ омӯзгорон хонандагонро, ки аз 18 шаҳру ноҳияи атроф будаанд, гусел кардаанд.
"Ду қирғиз – Озодбек Назарматов аз Исфана ва Беҳзод Қобилов аз ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизисто, ки дар мактаби мо таҳсил мекунанд, бо имову ишора ба мо мегуфтанд, ки ба куҷо рафтан ва чӣ кор карданро намедонанд", - идома медиҳад вай.
© Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд Хонандагони мактаби махсус дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Хонандагони мактаби махсус дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Хонандагони мактаби махсус дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Исоева мегӯяд, бино бар "забона задани оташи ҷанг ва волидони наврасон натавонистанд барои бурданашон ба ноҳия оянд".
Дар ҳамин ҳол, ду навраси тоҷик ба ҳамсолони қирғизашон дасти мадад дароз кардаву барояшон сарпаноҳ пешниҳод кардаанд.
"Адҳам Озодбекро ба ноҳияи Зафаробод ва Чеҳронбек Беҳзодро ба ноҳияи Деваштич ба хонаашон бурданд. Ба симои ду нафар қирғизбача ва ду нафар тоҷик, чор нафар ноболиғон менигаристаму ба риштаи дӯстии бачагонаашон ҳам дар ҳайрат мондаму ҳам шод гардидам. Онон бо ин васила ду қирғизро ҳимоя месохтанд. Ашк рехтам. Чӣ замонае, чӣ таззоди зиндагист, ки аз даҳшати оташи набард, ҳамсабқонашонро тавонистанд ҳифз кунанд", - мегӯяд бо эҳсос омӯзгор.

Вазъ дар марз

Вазъ дар марзро баъди ду рӯзи бесарусомнӣ феълан манбаъҳо ором арзёбӣ мекунанд. Ҷонибҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи оташбас санад имзо карданд ва ба мувофиқа расиданд, ки техникаву нерӯро аз марз бозпас гиранд ва роҳҳро кушоянд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Мувофиқаи Раҳмон барои ҷаласаи фаврӣ дар Бодканд: тафсилот
Ёдрас мешавем, пештар, шаби 30 апрел мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон пас аз музокирот изҳороти муштаракеро бо имзои роҳбари КДАМ Тоҷикистон, Саймумин Ятимов ва намояндаи сиёсии ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд, Омурбек Суваналиев интишор карданд.
Дар ин изҳороти муштарак гуфта шудааст, ки ҳарду кишвар ба даргириҳои мусаллаҳона хотима дода, ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ бармегардонанд.
Лентаи хабарҳо
0