Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Нигаронии СММ аз вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

© Facebook / Umedi JahonВ Баткенской области горит погранзастава, сообщает @Sputnik_Kyrgyzstan
В Баткенской области горит погранзастава, сообщает @Sputnik_Kyrgyzstan - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Муовини намояндаи расмии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Фархон Ҳақ изҳор доштааст, ки СММ бо нигаронӣ вазъиятро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон пайгирӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 30 апр - Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории РИА Новости, СММ аз оташбас дар минтақаи низоъ истиқбол мекунад.

“Ин вазъро бо нигаронӣ пайгирӣ дошта, хабарҳоро дар ин бора дидем. Ҳамчунин огаҳем, ки ҳар ду давлат - Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи хотимаи тирандозӣ ба мувофиқа расидаанд. Агар ин дарвоқеъ ҳам рост бошад, аз он истиқбол мекунем”, - гуфтааст ӯ дар брифинг.

Фархон Ҳақ илова намудааст, ки СММ ҳар ду ҷонибро ба гуфтушунид ва ҳалли ихтилофҳо бо роҳи мусолиматомез даъват мекунад.
Ёдовар мешавем, муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард. Сокинон якдигарро ба сангандозӣ ва мақомоти марзбонии ду кишвар якдигарро ба шурӯи тирпарронӣ айбдор карданд.
Сироджиддин Мухриддин, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Муҳриддин: Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз заминҳое, ки ба ӯ тааллуқ доштанд, даст нахоҳад кашид
Дар даргирии ду рӯзи охир аз ду тараф даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи фавти се нафар гузориш дод. Мақомоти Тоҷикистон расман теъдоди маҷруҳон ва ҳалокшудагонро нагуфтаанд.
Пас аз ду рӯзи муноқишаҳои хунин, дершаби 29-уми апрел ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон барои хатми муноқиша ва оғози гуфтугӯҳо ба созиш расиданд. Тибқи ин созиш, ҷонибҳо муноқишаи мусаллаҳонаро хотима мебахшанд, ҳайати шахсӣ ва таҷҳизоти ҳарбиро ба макони доимии ҷойгиршавиашон бармегардонанд ва барои роҳ надодан ба ташаннуҷи авзоъ чораҳо меандешанд.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва танҳо 519 километри онро таъину аломатгузорӣ кардаанд. Боқимонда минтақаҳои баҳсӣ ҳастанд. Ин вазъ аксар вақт боис ба ихтилофи назар дар истифодаи обу замин дар минтақаҳои наздимарзӣ шуда, баъзан бо маргу захмӣ шудани сокинон меанҷомад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала