Низомиёни тоҷик Бодкандро тарк карданд – Суваналиев

© сельсовет Ходжи АлоВоенные в селе Ходжа Ало
Военные в селе Ходжа Ало - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Обуна шудан
Хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон вилояти Бодкандро тарк карданд, гуфт роҳбари вилоят Омурбек Суваналиев.
ДУШАНБЕ, 30 апр - Sputnik. Омурбек Суваналиев мегӯяд, ҳамаи деҳаҳои Бодканд озод карда шуда, кормандони низомии Қирғизистон ин минтақаро санҷида истодаанд, то минагузорӣ нашуда бошад.
Пас аз он, баъзе аз шаҳрвандони кӯчондашуда метавонанд ба манзилҳояшон баргарданд, хабар додааст Sputnik Қирғизистон аз қавли Суваналиев. Ӯ таъкид намудааст, ки мақомот вазъро таҳти назорат доранд, дар минтақа постгоҳҳо ташкил шудаанд.
Ахиран Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон аз натиҷаи гуфтушунид бо ҷониби Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаҳои кишвараш изҳор доштааст, ки марзбонҳои тоҷик бояд қаламрави кишварашро тарк кунанду рӯзҳои наздик сарҳад аломатгузорию симхорбандӣ хоҳад шуд.
Председатель ГКНБ Камчыбек Ташиев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Тошиев: марзбонҳои тоҷик қаламрави Қирғизистонро тарк кунанд, марз симхорбандӣ мешавад
Ҷониби Тоҷикистон дар пайи гуфтушунид бо нашри изҳороти муштарак иктифо кардааст.
Дар изҳорот омадааст, ки ҷонибҳо аз соати 13:00-и 30 апрел хуруҷи мутақобилаи тамоми намуди нерӯ ва техникаи ҳарбиро аз қаламравҳои наздисарҳадӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ оғоз намоянд, роҳҳоро кушоянд ва ҳаракати бемамонияти шаҳрвандонро таъмин кунанд.
Инчунин қарор шудааст, ки 1 майи соли равон дар вилояти Бодканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор карда шавад.
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Феълан барои оташбас созиш шуда, тарафҳо муваззаф гардидаанд, ки техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.
Навори тоҷикистониёни ҳалокшуда дар даргирии марзӣ бо ҷониби Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Ному акси тоҷикистониҳои ҳалокшуда: қурбониёни умумии даргирӣ ба 40 нафар расид – видео
Расман мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи теъдоди ҳалокшудагону ҷароҳатбардоштагон иттилоъ надодаанд.
Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар натиҷаи муноқиша дар марз бо Тоҷикистон, 31 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи ӯ, то соати 18:00 рӯзи 30 апрел, шумораи ҷароҳатбардоштагон ба 154 нафар расид.
"Аз 154 захмбардошта, 121 нафар шаҳрвандони оддӣ мебошанд", - тавзеҳ додааст Солтонбекова.
Лентаи хабарҳо
0