Ному акси тоҷикистониҳои ҳалокшуда: қурбониёни умумии даргирӣ ба 40 нафар расид – видео

Дар навор ному акси тоҷикистониёне гирд оварда шудааст, ки бар асари даргирии ахир дар марз бо Қирғизистон ҷон додаанд
Дар миёни ҳалокшудагон баробари низомиён инчунин сокинони мулкӣ мебошанд. Бино ба наворе, ки саҳифаи Пресса.тҷ таҳия кардааст, теъдоди ҳалокшудаҳо аз ҷониби Тоҷикистон ҳудуди 10 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи маҷруҳон ба маротиб зиёд арзёбӣ мегардад.
Дар қатори кушташудаҳо, Салоҳиддин Гадоев, афсари марзбонӣ ва сарбозон Шералӣ Раҳматзодаю Сафар Набиев зикр шудаанд. Инчунин аз ҳалокшудагон, Бахтовар Маҳмудов, Умедҷон Юсуфов, Некрӯз Ғафуров, Ҳикматулло Маҳкамов ва Иброҳимхон Ҳошимзода ном бурда шудааст, ки ҳамаашон ҷавонанд. Қурбонии дигар Меҳроҷидин Муҳриддин, сокини Ворух мебошад, ки табиб будааст.
Председатель ГКНБ Камчыбек Ташиев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Тошиев: марзбонҳои тоҷик қаламрави Қирғизистонро тарк кунанд, марз симхорбандӣ мешавад
Расман мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи теъдоди ҳалокшудагону ҷароҳатбардоштагон иттилоъ надодаанд, аммо манобеи маҳаллӣ аз марги то 10 нафар дар пайи ин даргирӣ хабар медиҳанд.
Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар натиҷаи муноқиша дар марз бо Тоҷикистон, 31 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, то соати 18:00 рӯзи 30 апрел, шумораи ҷароҳатбардоштагон ба 154 нафар расид.
"Аз 154 захмбардошта, 121 нафар шаҳрвандони одӣ мебошанд", - тавзеҳ дод Вазорати тандурустии ин кишвар.
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Феълан барои оташбас созиш шуда, ҷонибҳо муваззаф гардидаанд, ки аз соати 13:00-и 30 апрел техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала