Омӯзгорони русро аз минтақаи даргирӣ дар Тоҷикистон кӯчониданд

© Sputnik / Амир ИсаевНачало учебного года в Таджикистане
Начало учебного года в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Обуна шудан
Вазорати маорифи Русия дар бораи сарнавишти омӯзгорони Федератсияи Русия, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон кор мекунанд, нақл кард
ДУШАНБЕ, 30 апрел - Sputnik. Омӯзгорони Русия, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, дар робита ба низои низомӣ дар марз бо Қирғизистон ба минтақаҳои бехатар интиқол дода шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати илм ва маорифи Федератсияи Русия.
"Бо назардошти мураккаб шудани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, се муаллиме, ки дар мактаби деҳаи Хистеварз, ҳаммарз бо Қирғизистон кор мекарданд, ба минтақаи бехатар кӯчонида шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Хонандагони мактаби махсус дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Рафтем, ба хона: ду навраси қирғиз дар Тоҷикистон сарпаноҳ ёфтанд
Вазорати маориф таъкид кардааст, ки интиқоли омӯзгоронро намояндагии Россотрудничество ва сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон низ мусоидат кардаанд.
Хотиррасон мекунем, ки омӯзгорони рус дар доираи лоиҳаи башардӯстонаи таблиғи забони русӣ дар Тоҷикистон қарор доранд.
Омӯзгорон дар мактабҳои шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Ваҳдат, дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара ва Кушониёни вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рашт, Спитамен, Ғафуров ва Ашти вилояти Суғд дарс медиҳанд.
Имрӯзҳо дар вилояти Суғд тақрибан 18 нафар омӯзгорон аз Русия ҳузур доранд.
Лентаи хабарҳо
0