Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Қирғизистон омори кушташудаҳо ва захмиёни низои марзиро нашр кард

© сельсовет Ходжи АлоВоенные в селе Ходжа Ало
Военные в селе Ходжа Ало - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Мақомоти қирғиз мегӯянд, 43 ҷароҳатбардошта тавассути ҳавопаймо ба муассисаҳои тиббии Бишкек интиқол дода шуда, ҳоло вазъияти ду нафар вазнин арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Дар натиҷаи муноқиша дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон, 31 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳалокат расиданд.
Дар ин бора зимни брифинг муовини якуми вазири тандурустӣ Ализа Солтонбекова хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, то соати 18:00 рӯзи 30 апрел, шумораи ҷароҳатбардоштагон ба 154 нафар расид.
"Аз 154 захмбардошта, 121 нафар шаҳрвандони оддӣ мебошанд", - тавзеҳ додааст Солтонбекова.
Гуфта мешавад, 43 нафар, ки дар низои марзӣ ҷароҳатдор шуданд, тавасути ҳавопаймо ба дармонгоҳҳои шаҳри Бишкек интиқол дода шуданд.
Феълан вазъияти 2 маҷрӯҳ вазнин арзёбӣ мешавад.
Бояд гуфт, ки феълан мақомоти Тоҷикистон расман аз теъдоди кушташудаҳо бар асари даргирӣ дар марз бо Қирғизистон ҳанӯз иттилое надодаанд, аммо манобеи маҳаллӣ аз кушта шудани ҳудуди 8 - 10 нафар хабар медиҳанд. Теъдоди маҷруҳон беш аз 110 нафар арзёбӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала