Қоҳир Расулзода хостори ба роҳ мондани хатсайрҳои ҳавоӣ байни Душанбе-Минск шуд

© Sputnik / Амир ИсаевПремьер-министр РТ Кохир Расулзода
Премьер-министр РТ Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Обуна шудан
Сарвазири Тоҷикистон бо ҳамтои Беларусаш масъалаи ба роҳ мондани хатсайрҳои ҳавоӣ байни Душанбе-Минскро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар идома сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тотористони Русия сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо сарвазири Беларус Роман Головченко мулоқот кард.
Дар мулоқот масъалаҳои бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҳудуди Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани хатсайрҳои ҳавоӣ байни Душанбе-Минск баррасӣ шуд.
Инчунин, тарафҳо масъалаи содироту воридоти маҳсулоти гуногуни ниёзи аввал ва дигар самтҳои ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор додпнд.
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Нигаронии Расулзода аз кам шудани сармоягузориҳои мустақими Русия ба Тоҷикистон
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Сарвазири Тоҷикистон бо Сарвазир, раиси Ҳукумати Русия Михаил Мишустин мулоқот намуд.
Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт, саноат, энергетика, шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, фарҳанг, гумрук, сармоягузорӣ ва кишоварзиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, таъкид намуданд, ки новобаста аз паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Русия дар соли гузашта 973,6 миллион долларро ташкил намуд.
Ҳамчунин таъсиси коргоҳу корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон ва равнақ бахшидани ҳамгироӣ дар соҳаҳои афзалиятнок зарур шуморида шуд.
Лентаи хабарҳо
0