Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Суҳбати Раҳмон бо Ҷабборов: президенти Қирғизистон ба Душанбе меояд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.
Тавре РИА Новости гузориш медиҳад, ҷонибҳо масъалаи марзӣ, аз ҷумла ҳарчи зудтар паст кардани шиддат дар марзро баррасӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ба қарор омаданд, ки нимаи дуюми моҳи май дар Душанбе мулоқот мекунанд. Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Қирғизистон, суҳбат дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, Ҷабборов пойбандияшро ба ҳалли сулҳомези масоили марзӣ таъкид намудааст.
Навори тоҷикистониёни ҳалокшуда дар даргирии марзӣ бо ҷониби Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Ному акси тоҷикистониҳои ҳалокшуда: қурбониёни умумии даргирӣ ба 40 нафар расид – видео
"Ҷониби Қирғизистон ҷонибдори ҳалли масоили байнидавлатӣ тариқи муколама буда, вазъи муътадил дар марзро дастгирӣ мекунад. Бовар дорам, ҳамкории Тоҷикисону Қирғизистон дар заминаи анъанаи бисёрасраи ҳамсоядорӣ миёни ду халқ роҳандозӣ хоҳад шуд", - таъкид намудааст Ҷабборов.
Ҷонибҳо инчунин ба эҳтироми тарафайн ба тамомияти арзии ҷонибҳо таъкид намудаанд.
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Феълан барои оташбас созиш шуда, ҷонибҳо муваззаф гардидаанд, ки аз соати 13:00-и 30 апрел техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала