Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳолаш хуб: раиси шаҳри Исфараро ҷарроҳӣ карданд

© Пресс-секретарь города ИсфараМэр города Исфара Баходурзода Баховаддин Баходур
Мэр города Исфара Баходурзода Баховаддин Баходур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Феълан табибон вазъи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзодаро хуб арзёбӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Раиси шаҳри Исфара, Баҳоваддин Баҳодурзодаро дар бемористони марказии шаҳри Исфара ҷарроҳӣ карданд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи сухангӯи раиси шаҳри Исфара, Зубайдулло Шомадов хабар дод.
Ёдрас мешавем, рӯзи 29 апрел Баҳодурзода ҳангоми боздид аз минтақаи даргирӣ дар марз аз қисми тахтапушташ тир хӯрда, захм бардошта буд.
Бино бар гуфтаи Шомадов, феълан вазъи раиси шаҳрро табибон хуб арзёбӣ мекунанд.
"Вазъашон хуб аст. Азбаскӣ захм сабук буд, ҷарроҳӣ низ сабук гузашт, аллакай аз ҷой хеставу роҳ мегарданд", - тавзеҳ дод Зубайдулло Шомадов.
Ҷарроҳӣ шоми 29 апрел дар бемористони марказии шаҳри Исфара сурат гирифтааст. Ёдрас мешавем, дирӯз хабар дода шуда буд, ки Баҳоваддин Баҳодурзодаро баъди тир хӯрдан, бино бар ноамн будани роҳ, наметавонанд ба бемористони марказӣ интиқол диҳанд.
Военнослужащие Кыргызстана на территории приграничных кыргызских сел в Баткенской области, где идет конфликт с Таджикистаном. 29 апреля 2021 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Садои тир хомӯш шуд: вазъ дар сарҳади миёни Исфара ва Қирғизистон ором аст
Ёдрас мешавем, Баҳодурзода охирҳои соли 2020 бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон раиси шаҳри Исфара таъин гардида буд.
Ӯ дарҳол пас аз таъин гаштанаш дар маҷлисе гуфт, ки вазъи марзро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳад.
Баҳоваддин Баҳодурзода зимни мулоқот бо сокинон гуфт, барои расидагӣ ба мушкилоти мардуми минтақа дар навбати худ гуфтааст, минбаъд ӯ як рӯзи ҳафтаи кории худро дар Ворух хоҳад гузаронд.
Ҳамзамон зимни мулоқот мардум ва шаҳрдор пиромуни масъалаҳои муҳими аҳамияти сиёсию стратегидоштае чун бунёди роҳи мустақими Ворух, ҳалли масъалаи чарогоҳ, пешгирии ҳолатҳои номатлуби рабуда шудани чорвои мардум аз ҷониби ҳамсоягон, баргардонидани чорвои қаблан рабудашуда гуфтугӯ карда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала