Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Тафсилоти бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикисону Қирғизистон

Созиши Ятимов ва Тошиев барои бозпасгирии техникаву нерӯ аз соати 13:00 ва роҳкушоӣ

© Sputnik Амир ИсаевСаймумин Ятимов. Архивное фото
Саймумин Ятимов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Мақомоти Тоҷикистону Қирғзистон дар як изҳороти муштарак эълон карданд, ки санаи 30 апрели соли 2021 соати 13:00 хуруҷи мутақобилаи тамоми намуди нерӯ ва техникаи ҳарбӣ аз қаламравҳои наздисарҳадӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Дар изҳороти муштарак гуфта шудааст, ки санаи 30 апрели соли 2021 дар минтақаи озоди байни гузаргоҳи “Гулистон” ва гузаргоҳи “Кизил-Бел” мулоқоти гурӯҳҳои корӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев баргузор гардид.
Дар ин изҳорот зикр шудааст, ки дар рафти он масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар қаламравҳои сарҳадии ҳарду ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд.
Қайд шудааст, ки мулоқот дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ баргузор гардид. Ҷонибҳо хоҳиш ва омодагии худро барои ҳалли ҳама масъалаҳо тавассути гуфтушунид изҳор карданд.
Архивное фото Камчибека Ташиева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
КДАМ Қирғизистон: вазъ дар марз бо Тоҷикистон то бегоҳ пурра ҳал мешавад
“Дар натиҷа тарафҳо аз соати 13:00-и 30 апрели соли 2021 ба мувофиқа расиданд, ки хуруҷи мутақобилаи тамоми намуди нерӯ ва техникаи ҳарбиро аз қаламравҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ оғоз намоянд, роҳҳоро кушоянд ва ҳаракати бемамонияти шаҳрвандонро таъмин кунанд”, - таъкид шудааст дар изҳороте, ки ахиран нашр шудааст.
Ҳамзамон қайд шудааст, ки бо мақсади таъмини иҷрои созишномаҳои бадастомада таҳти роҳбарии фармондеҳони қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд.
Қарор дода шуд, ки 1 майи соли равон дар вилояти Ботканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала