Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Вазорати дифои Русия эҳтимоли ҷанг дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро арзёбӣ кард

© © Пресс-служба ЦВОСовместное российско-таджикское учение стартовало на полигоне "Ляур" республики Таджикистан
Совместное российско-таджикское учение стартовало на полигоне Ляур республики Таджикистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Вазорати дифоъи Русия гуфт, ки муноқишаи мусаллаҳона миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон чӣ гуна рушд хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 30 апрел - Sputnik. Задухӯрд дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон минбаъд рушд нахоҳад кард.
Дар ин бора муовини вазири мудофиаи Русия, Андрей Картаполов дар суҳбат ба хабарнигорон изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, хатари шиддат гирифтани муноқиша мавҷуд нест, чун дар ҳоли ҳозир вазъ дар манотиқи марзӣ ба эътидол омадааст.
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Песков: Путин омода аст, ки дар таниши марзии Тоҷикистону Қирғизистон миёнрав шавад
Картаполов таъкид кард, ки дар минтақа барои пешгирии шиддати авзо чораҳои зарурӣ андешида шудаст.

"Гузашта аз ин, фармондеҳии округи Марказӣ вазъро назорат мекунад ва дар сурати зарурӣ омода аст ба таври иловагӣ вокуниш нишон диҳад", - гуфт сухангӯи Вазорати дифои Русия.

Вай афзуд, ки ҳеч далеле барои нигаронӣ дар мавриди муноқиша байни кишварҳо "имрӯз" вуҷуд надорад.
Қаблан Русия аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват карда буд, ки барои пешгирии муноқишаҳои нав чораҳои фаврӣ андешанд. Маскав созишномаи оташбасро, ки кишварҳо ба даст овардаанд, тасдиқ кард.
Чанде пеш, Вазорати умури хориҷаи Русия дар бораи даргирии марзии Тоҷикистону Қирғизистон вокуниш нишон дод.
Вазорати умури хориҷии Русия дар изҳороташ аз Қирғизистон ва Тоҷикистон даъват кард, тамоми чораҳо барои пешгирӣ аз даргириҳои нав дар марзро андешанд.
"Маскав аз Қирғизистон ва Тоҷикистон даъват меорад, ки ихтилофҳоро бо роҳи гуфтушунид ҳал кунанд, қарори ҷонибҳоро дар бораи ташкили гурӯҳи кории муштарак ҷонибдорӣ мекунад ва омода аст, ҳама гуна кумакро барои ҳалли масоили баҳсӣ расонад", - омадааст дар изҳороти ВКХ Русия.
Пештар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз шиддат гирифтани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон изҳори нигаронӣ кард.
Кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар робита ба вазъи мавҷуда бо сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала