Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Вокуниши Русия ба даргирии марзии Тоҷикистону Қирғизистон

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкМинистерство иностранных дел России
Министерство иностранных дел России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷаи Русия дар бораи даргирии марзии Тоҷикистону Қирғизистон вокуниш кард
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Русия ба даргирии марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон вокуниш кард, хабар медиҳад РИА Новости.
Бино бар иттилои манбаъ, Вазорати умури хориҷии Русия дар изҳороташ ба оромӣ даъват кардааст.
Маскав аз Қирғизистон ва Тоҷикистон даъват кард, тамоми чораҳо барои пешгирӣ аз даргириҳои нав дар марзро андешад, омадааст дар иттилои ВУХ Русия.

"Маскав аз Қирғизистон ва Тоҷикистон даъват меорад, ки ихтилофҳоро бо роҳи гуфтушунид ҳал кунанд, қарори ҷонибҳоро дар бораи ташкили гурӯҳи кории муштарак ҷонибдорӣ мекунад ва омода аст, ҳама гуна кумакро барои ҳалли масоили баҳсӣ расонад", - омадааст дар изҳороти ВКХ Русия.

Пештар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз шиддат гирифтани вазъ дар маризи Тоҷикистону Қирғизистонро изҳори нигаронӣ кард.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тошканд гуфт, омодааст дар ҳалли низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон кумак кунад
Ҷумҳурии Ӯзбекистон иттилооти воридшударо дар бораи тезутунд шудани вазъ дар сарҳади давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки боиси талафоти ҳарду ҷониб шуданд, бо нигаронии амиқ қабул кард, хабар дод шоми 29 апрел, Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар.
"Мо тарафҳоро даъват мекунем, ки ба даргириҳо фавран хотима дода, барои ба эътидол овардани вазъ чораҳои муштарак биандешанд ва аз амалиёте, ки боиси шиддати минбаъдаи танишҳо мешаванд, даст кашанд", - гуфтааст Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон .

Вазъ дар марз

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон санаи 28-уми апрел дубора шиддат гирифт.
Сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии Маркази тақсими оби "Головной" дар марз ба ҳам сангзанӣ кардаанд ва баъдан 29 апрел ба тирпарронӣ миёни нерӯҳои низомии ду кишвар печидааст.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози тирпарронӣ муттаҳам мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0