Соати оташбас, ақибнишинӣ ва тартиби назорат дақиқ шуд: тафсилоти созиши Душанбею Бишкек

CC0 / Pixabay / Рукопожатие
Рукопожатие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Раҳбарони ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба як қатор тавофуқот даст ёфтанд, ки дар он санаи дақиқи оташбаси комилу шеваи назорати ақибнишинии нерӯҳо нишон дода шудааст
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Дар чаҳорчӯби тафовуқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов, раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон, 1 май як ҷаласаи кории намояндагони вазоратҳои дифоъ дар истгоҳи бозрасӣ (КПП) – и “Қизил Бел” – и (Қирғизистон) ва “Гулистон” (Тоҷикистон) баргузор шуд.
Ба иттилои дарёфтӣ, дар ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки аз соати 15:00 ба вақти Қирғизистон ва соати 14:00 ба вақти Тоҷикистон, неруҳои низомӣ дар мавриди оташбас дар тамоми бахшҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон бояд огоҳ карда шаванд. Таъкид шудааст, ки дар ин вақт ақибнишини неруҳо ба нуқоти истиқрори доимии худ оғоз шавад.
Пограничный пост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Фаврӣ: КДАМ гуфт, посбонгоҳи сарҳадии "Хоҷаи Аъло"-и Тоҷикистон забт нашудааст
Бино ба ин тавофуқ, як гурӯҳ кории сенафара аз ҳарду тараф барои назорати ақибнишинии неруҳо, аз ҷумла аслиҳа ва таҷҳизоти низомӣ, ба нуқоти истиқрори доимӣ эъзом мешаванд.
Эҷоди як тими бозрасии муташаккили сенафара аз ҳар ду тараф низ нуктаи сеюми ин тавофуқот аст. Тибқи созиш ин тим барои баррасии иттилооти дарёфтӣ ва дар сурати таъйиди ақибнишинии аслиҳа ва таҷҳизоти низомӣ, барои ҳамроҳии онҳо ба нуқоти истиқрори доимии тарафайн муваззаф мешавад.
Ва ниҳоят, кори гурӯҳи кории муштарак бояд аз соати 8:00 ба вақти Қирғизистон (соат 07:00 ба вақти Тоҷикистон) аз 2 майи соли 2021 бояд шурӯъ шавад.
Суҳбати Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Қамчинбек Тошиев баъди музокироти марзӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Ятимов: ин фоҷиа буд, мардум бо ҳам мушкил надорад, мо сиёсатмадорон бояд ҳал кунем-видео
Ин дар ҳолест, ки президентҳои ду кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов низ имрӯз зимни суҳбати дубораашон эҳтироми тарафайнро ба тамомияти арзии давлатӣ баён дошта, бори дигар таъкид намудаанд, ки техникаю нерӯ бояд аз марз ба макони доимии худ баргардонда шавад.
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Теъдоди кушташудагон дар ин даргирӣ беш аз 40 нафар арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала